Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Сарвазири Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган

23.10.2003 17:00, шаҳри Душанбе

23 октябр мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган доир гардид.

Зимни музокироти самарабахш доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба муҳокима карда шуд. Ҷонибҳо афзоиши ҳаҷми гардиши молро дар байни кишварҳо бо қаноатмандӣ зикр намуданд. Ҳамзамон қайд карда шуд, ки дар ин бобат ҳанӯз имкониятҳои мавҷуда пурра истифода бурда намешаванд.

Ҳангоми баррасии масъалаҳои асосии сиёсати байналмиллалӣ ҷонибҳо оид ба ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҳамчунин проблемаҳои Афғонистон ва Ироқ мубодилаи афкор карданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520