9 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси ноҳияи Нуробод Зиёратшо Саъдуллоев сӯҳбати телефонӣ дошт.
Дар ҷараёни сӯҳбат мавзӯоти тайёрӣ ба зимистонгузаронӣ, суръатбахшии ғунучини маҳсулоти кишоварзӣ, вазъи таълиму тарбия дар мактабҳо, фарогирии хонандагон, бахусус духтарон ба таълимгоҳҳо ва истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудошуда матраҳ гардиданд.