9 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов бо раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алимамад Ниёзмамадов сӯҳбати телефонӣ анҷом дод.
Сардори давлат ҳисоботи роҳбари вилоятро оид ба ҷараёни омодагии иншооти иҷтимоиву иқтисодии Бадахшон барои давраи тирамоҳу зимистон, вазъи соҳаҳои маорифу тиб, ҷамъоварии ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ ва ба таври мақсаднок истифода бурдани маблағҳои иловагие, ки барои таъмиру тармими муассисаҳои таълимӣ ва нигаҳдории тандурустӣ ҷудо шудаанд, шунид.
Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷӯҳи раиси вилоятро ба иҷрои бечунучаро ва саривақтии он супоришу дастурҳо ва қарорҳои Ҳукумати чумҳурӣ, ки дар ин бахшҳо содир гардидаанд ва самаранокии фаъолияти соҳаҳои гуногун ҷалб сохт.