3 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳайати Парлумони Аврупоро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот вазъияти сиёсию иқтисодӣ дар Тоҷикистон ва дар минтақа, мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, мушкилиҳои раванди сулҳ дар Афғонистон ва масъалаҳои дигар муҳокима карда шуданд.