22 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон эътимодномаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Бангладеш дар Тоҷикистон Абдуллоҳ-ал-Ҳасанро қабул намуд. Зимни мулоқот сарвари давлат ва сафири нав имкониятҳои ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судмандро баррасӣ намуданд.
Мусоҳибон ҳамчунин ба вазъи минтақа ва Афғонистон аҳамияти ҷиддӣ доданд.