Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба имзо расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Соли тамаддуни ориёӣ"

12.09.2003 10:00, шаҳри Душанбе

12 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов фармонро "Дар бораи Соли тамаддуни ориёӣ" ба имзо расонид.

Фармони мазкур бо мақсади омӯзиш ва таблиғи саҳм ва нақши ориёиҳо дар таърихи тамаддуни ҷаҳон, вусъат бахшидани рӯҳияи худшиносиву худогоҳии миллии наслҳо, таҳкими равобити байни халқҳо ва фарҳангҳо ба имзо расонида шуд.

Тибқи фармон соли 2006 соли тамаддуни ориёӣ эълон ва муқаррар карда шуд, ки тадбирҳои вобаста ба он дар рӯзҳои ҷашни понздаҳумин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон гузаронида шаванд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520