Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар гузашти низомӣ бахшида ба 12-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

09.09.2003 12:00, шаҳри Душанбе

9 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паради ҳарбии идона бо иштироки ҷузъу томҳои гарнизони шаҳри Душанбе, ки дар майдони "Дӯсти"-и шаҳри Душанбе бахшида ба 12-умин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, иштирок намуд.

Эмомалӣ Раҳмонов аскарону афсарон ва тамоми мардуми шарифи ҷумҳуриро бо рӯзи саид - 12-умин солгарди ҷашни истиқлолияти мамлакат табрик намуда, орзуҳои беҳтарини худро тақдим дошт.

Дар маросими гузашти паради ҳарбӣ раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ М.Убайдуллоев, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ С.Хайруллоев, Сарвазири ҷумҳурӣ О.Оқилов, роҳбарони шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ, ветеранҳои ҷангу меҳнат, шаҳрвандон ва меҳмонони хориҷӣ иштирок намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520