8 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси ботантана бахшида ба 12-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1000-солагии рӯзи таваллуди Носири Хусрав, ки дар маҷмааи давлатии Кохи Борбад баргузор гардид, иштирок кард.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳам рост омадани ин ду ҷашнро нишонаи ҳуввияти шикастнопазири миллии мо ва эҳёи давлатдории тоҷикон дар оғози ҳазорсолаи сеюм шумурда, дар бораи комёбиҳою муваффақиятҳои халқи тоҷик дар давоми 12 соли истиқлолияти давлатии мамлакат нутқи муфассал эрод намуд.
Дар маҷлиси ботантана Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдулло Хайруллоев, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент Шӯҳрат Султонов, аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони консулхонаю сафоратхонаҳо ва меҳмонони хориҷӣ иштирок намуданд.