1 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон узви Палатаи мушовирони парлумони Ҷопон Кейзо Такэмиро, ки дар кори Форуми байналмилалии оби тоза иштирок кард, ба ҳузур пазируфт.
Дар ҷараёни сӯҳбат оид ба дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба мубодилаи афкор доир гардид.