Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Саидвализода Раҷабалӣ Хушбахт директори Дирексия оид ба сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
12 январи соли 2017
№АП-824

 

 

САИДВАЛИЗОДА  Раҷабалӣ  Хушбахт
Директори Дирексия оид ба сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

САИДВАЛИЗОДА  Раҷабалӣ  Хушбахт 5 марти соли 1958 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.
Соли 1986 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимиро бо ихтисоси муҳандис-сохтмончӣ хатм намудааст.
Аз соли 1975 дар Муассисаи нақлиётии №22 ноҳияи Данғара ба ҳайси Таъмиргари дараҷаи 5 фаъолияташро оғоз намудааст.
Солҳои 1986-2013 дар вазифаҳои дуредгар, муҳандис, муҳандиси калон, сардори шуъбаи истеҳсолию техникии Идораи  механиконидашудаи сайёри №26 трести «Данғараводстрой», устои коргузори Раёсати сохтмонию васлкунии СГЭС «Норак-гэсстрой», Сардори шуъба, сармуҳандиси заводи оҳану бетонии  шаҳри Норак, сардори шуъбаи истеҳсолию банақшагирии заводи маснуоти оҳану бетонии №6-и  шаҳри Душанбе, муҳандис - сохтмончии Маркази татбиқи лоиҳаҳои офияти соҳаи энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Муовини сардори шӯъбаи истеҳсолӣ, сармуҳандис, муовини директори Дирексия оид ба сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Аз моҳи майи соли 2013 то 12 январи соли 2017 ҳамчун Сармуҳандиси Дирексия оид ба сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 январи соли 2017 Директори Дирексия оид ба сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.
Соли 2016 бо Ордени «Шараф» дараҷаи 2 сарфароз гардонида шудааст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520