ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Вазири тандурустӣ ва
ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Олимзода Н.Х.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Олимзода Насим Хоҷа Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
12 январи соли 2017
№811
ОЛИМЗОДА Насим Хоҷа
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
ОЛИМЗОДА Насим Хоҷа 20 августи соли 1964 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Доктори илмҳои тиб, профессор.
Соли 1988 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро бо ихтисоси духтури табобатӣ-кардиолог хатм намудааст.
Соли 1988 дар Беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб ҳамчун табиб-интерн фаъолияташро оғоз намуда, баъдан дар ин беморхона ҳамчун духтури табобатӣ кор кардааст.
Солҳои 1995-1998 дар аспирантураи Академияи баъдидипломии тиббии шаҳри Санкт-Петербург таҳсил намудааст.
Солҳои 1999 то 2014 ба ҳайси Табиби дилшиноси Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои дил, мудири бахши «НАҶОТ»-и Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои дил, директори Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои дили Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири кафедраи кардиология бо курси фармакологияи Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Аз моҳи апрели соли 2014 то 12 январи соли 2017 Муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 январи соли 2017 Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.