Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи
раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе
таъин намудани Самӣ Шариф Ҳамид



Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Самӣ Шариф Ҳамид иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
12 январи соли 2017
№805

 

 

САМӢ Шариф Ҳамид
Иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе 

САМӢ Шариф Ҳамид 22 апрели соли 1957 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.
Соли 1979 Донишгоҳи техникии  Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимиро бо ихтисоси муҳандиси барқ ва соли 2006 Академияи хизмати давлатии  Россияро бо ихтисоси идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ хатм намудааст.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1979 дар Идораи махсуси «Гидроспетсстрой» дар ноҳияи Данғара ҳамчун Челонгари барқи дараҷаи 1-ум оғоз намуд, то соли 1995 дар вазифаҳои механики азнақббарории ҳамин идора, муҳандис, муҳандиси калон, иҷрокунандаи вазифаи сардор, ҷонишини сардор, сардори Идораи сайёри махсуси механиконидашудаи № 42-и Ширкати «Тоҷик-ирмонтаж», ноҳияи Данғара фаъолият намудааст.
Солҳои 1995-1999 Муовини аввали раиси шаҳри Қӯрғонтеппа буд.
Солҳои 1999-2002 дар вазифаҳои Муовини Раиси Ширкати давлатии саҳҳомию ҳолдингии «Барқи Тоҷик» ва Муовини Вазири энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Солҳои 2002-2005 Раиси шаҳри Нораки вилояти Хатлон ва солҳои 2005-2006 Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе буд.
Солҳои 2006-2009 дар вазифаҳои Раиси Ширкати Саҳҳомии Холдингии Кушодаи «Барқи Тоҷик» ва солҳои 2009-2010 Директори Нерӯгоҳи барқии обии Норак ба номи Турсун Ӯлҷабоев кор кардааст.
Аз соли 2010 то соли 2014 ба ҳайси Раиси шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон фаъолият намудааст.
Аз 21 феврали соли 2014 то 12 январи соли 2017 Директори Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» буд.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 январи соли 2017 иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе таъин гардид.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520