Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солномаи Пешвои миллат-2016

10.01.2017 13:40, шаҳри Душанбе

Соли 2016 дар таърихи соҳибистиқлолии давлати ҷавони Тоҷикистон соли хотирмону таърихӣ маҳсуб мешавад. Дар ин сол мардуми шарафманди кишвари офтобрӯяи мо дар фазои сулҳу осоиштагии комил 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро бо рӯҳияи баланди созандагию ободкориҳо истиқбол гирифтанд. Соли 2016-ро метавон бо боварӣ соли пайванди Тоҷикистони соҳибистиқлол ба марҳалаҳои нави рушду тараққиёт ва қадамҳои устувору созанда ба сӯи ояндаи босаодат маънидод кард.

Дар ин соли таърихӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таъмини рушди бемайлони иқтисодию иҷтимоии мамлакат тадбирҳои пурарзиш ва саривақтӣ анҷом дода шуданд.

Фаъолияти кории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ибтидои сол то ба имрӯз андешидани силсилаи тадбирҳои муҳим дар роҳи ободонию шукуфоии беш аз пеши кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистонро фаро мегирифт.

Дар раванди беҳбудбахшии сатҳи зиндагии мардум ва таъмини рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат сафарҳои кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳо, ифтитоҳи як зумра иншооти наву замонавии таъйиноти гуногун, дидору вохӯриҳои судманд бо аҳли заҳмату сокинони зафарманди ин шаҳру ноҳияҳо, таҳлилу вазифагузорӣ дар машваратҳои корӣ, суҳбату мулоқотҳо бо намояндагони соҳаҳои гуногуни сохтори давлатӣ ва ба имзо расонидани амру фармонҳои гуногунтаъйинот нақши мусоид гузоштаанд.

Дар моҳҳои аввали соли 2016 бо иқдомоти ватандӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як зумра қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба тағйир додани номи як қатор шаҳру ноҳияҳо ва иншооти ҷуғрофии мамлакат ба имзо расида, ба баррасии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Дар асоси ин қарорҳо ва ҷонибдории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номи ноҳияи Ҳисор ба шаҳри Ҳисор, ноҳияи Тавилдара ба ноҳияи Сангвор, ноҳияи Ҷиргатол ба ноҳияи Лахш, ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ноҳияи Ҷиликул ба ноҳияи Дӯстӣ, ноҳияи Қумсангир ба ноҳияи Ҷайҳун, ноҳияи Шӯрообод ба ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, шаҳри Қайроққум ба шаҳри Гулистон, шаҳри Чкалов ба шаҳри Бустон, ноҳияи Ғончӣ ба ноҳияи Деваштич ва Обанбори Қайроққум ба Обанбори «Баҳри Тоҷик» табдил дода шуд.

Ҳар соли фаъолияти серҷабҳаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паёми солона ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, ҳамчунин баргузории сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат, иштирок дар чорабиниҳои муҳими сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва ифтитоҳи иншооти наву замонавии таъйиноти гуногун, боздидҳои расмию давлатӣ ва корӣ ба давлатҳои дигар ва машваратҳои корию суҳбатҳои самимӣ бо намояндагони сохторҳои давлатӣ, аҳли заҳмат ва сокинони шарафманди мамлакатро фаро мегирад. Бо ҳар ташрифи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз сатҳи кӯча то марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳо ба таври назаррас ободу зебо гардида, теъдоди зиёди иншооти маъмурию истиқоматӣ, хизматрасонию истеҳсолӣ ва дорои таъйиноти дигари иқтисодию иҷтимоӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд. Ҳамаи ин тадбирҳо, пеш аз ҳама, барои фароҳам овардани зиндагии шоистаи сокинони мамлакат ва рушди бахшҳои ҳаётан муҳими ҷомеа роҳандозӣ мегарданд.

Ба маъракаи ниҳолшинонӣ ва тадбирҳои дигари хуррамгардонии мамлакат бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи феврали соли 2016 дар саҳни ҳавлӣ ва атрофи Қасри Миллат оғози расмӣ бахшида шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин рӯзҳои моҳи феврал ҳамчунин бо сафари корӣ ба шаҳри Ҳисор ва ба ноҳияи Хуросон ташриф бурда, дар маъракаи оғози бунёди Боғи намунавии ба номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва Пешвои миллат ширкат варзиданд.

Ибтидои соли 2016 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе дар расми ифтитоҳи бинои нави истиқоматӣ барои афсарону кормандони сохторҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар пойтахти мамлакат ҳамчунин бо иштироки бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи давлатии телевизиони «Варзиш», телевизиони «Синамо» ва Академияи Воситаҳои ахбори омма, ки маҳз бо иқдоми Сарвари давлат сохтмонашон оғоз гардида буд, Маҷмааи бузурги тиҷоратии «Душанбе мол», корхонаҳои гуногуни истеҳсолию хизматрасонӣ, биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, мактабу иншооти гуногуни маориф ва боғчаҳои бачагона мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, сохтмони эстакада дар маҳаллаи 82 оғоз гардид.

Дар самти беҳбудбахшии сатҳи хизматрасонии тиббӣ дар мамлакат дар соли 2016 низ тадбирҳои судманд анҷом дода шуданд. Баҳори ин сол Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Маҷмааи тандурустии «Истиқлол»-ро мавриди истифода қарор доданд, ки дар ҷумҳурӣ ва минтақа беназир аст. Лоиҳаи бунёди Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» дар солҳои Шӯравӣ тасдиқ шуда, солҳои дароз сохтмони он ба таъхир афтода буд. Бо дастгирии Роҳбари давлат ва туфайли соҳибистиқлолии мамлакат баъди беш аз 30 сол имкон фароҳам омад, ки лоиҳаи сохтмони марказ тибқи меъёрҳои муосир таҳия гардида, дар асоси он маҷмааи тандурустӣ ба истифода дода шавад.

Дар доираи тадбирҳои омодагӣ ба истиқболи ҷашни 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як маркази саломатӣ ва бинои 5 ошёнаи истиқоматӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, ба оғози сохтмони бинои муосири истиқоматии 9-ошёна асос гузошта шуд. Дар ҳамин ноҳия Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолият ва таҷрибаи ибратбахши кишоварзон шинос шуданд. Ҳангоми шиносоӣ бо таҷрибаи кишоварзони ноҳия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ноҳияи Рӯдакиро пойгоҳи калони таъмини сокинони пойтахт ва  атрофи он бо маҳсулоти кишоварзӣ арзёбӣ намуда, ба масъулон ҷиҳати истеҳсоли ҳарчи зиёди маҳсулоти барвақтии воридотивазкунанда дастуру ҳидоятҳо доданд.

Дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни ҷаҳонии Наврӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти мамлакат дар тантанаҳои наврӯзӣ ва Ҳамоиши байналмилалии адибони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз иштирок карда, дар ҳамин рӯзҳои ҷашнӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд сафари корӣ анҷом доданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла Корхонаи бузурги истеҳсоли сементи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хуаксин Ғаюр - Суғдсемент»-ро дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо фаъолияти фермаи чорводории инноватсионии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Афзали Зарзамин» шинос шуданд ва дар хоҷагии деҳқонии Ҷамъияти саҳомии кушодаи ба номи Абдураҳим Ҷумъаев ба кишту кори баҳорӣ оғоз бахшиданд.

Дар ҳамин рӯзҳо дар ноҳияи Мастчоҳ мактаби нав дар деҳаи Андарвашт ва Муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ ифтитоҳ гардида, барои бунёди шаҳраки наву замонавии Меҳробод санги асос гузошта шуд.

Дар шаҳри Исфара бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи корхона ва муасиссаҳои хизматрасонӣ ва бинои маъмурии Прокуратураи шаҳр мавриди истифода қарор гирифта, дар ноҳияи Конибодом як корхонаи азими саноатӣ-Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Нафтрасон ба кор оғоз намуд. Дар ҳамин ноҳия Президенти мамлакат бо фаъолияти корхонаи коркарди меваи хушки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Меваи қанд аз наздик шинос шуда, ба корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди Исфара-Конибодом-Ҷаббор Расулов оғоз бахшиданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи тадбирҳо ба истиқболи сазовори ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Ашт Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 13 ба номи Камоли Хуҷандӣ, Кохи фарҳанг, чойхона ва дар шаҳри Гулистон Маркази таълимии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуда, бо корҳои ободонӣ дар Осоишгоҳи Баҳористон шинос шуданд.

Тантанаҳои таҷлили ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бо баргузории чорабиниҳои Сайри гули лола ва Корвони наврӯзӣ анҷом ёфтанд.

Дар давоми сол ҳамчунин сафарҳои кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ёвон ва шаҳри Нораки вилояти Хатлон анҷом дода шуданд. Дар ноҳияи Ёвон бо иштироки Роҳбари давлат моҳи апрел чорабиниҳои ифтитоҳи мактаби нав, корхонаи истеҳсоли гаҷкартон ва боғчаи бачагона, дар моҳи август Корхонаи истеҳсолии «Моҳирсемент», оғози сохтмони мактаби нав барои 680 хонанда ва моҳи сентябр ифтитоҳи Корхонаи азими истеҳсоли криоллит, кислотаи сулфат ва алюминийи фтордор баргузор шуданд. Моҳи апрел дар шаҳри Норак Гимназияи давлатӣ, ду мактаби нав, истироҳатгоҳи замонавии «Пули Сангин» ва дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элигазии-500кВ- НБО Норак бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Моҳҳои май ва август Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ваҳдат ташриф бурда, дар расми ифтитоҳи бинои истиқоматии 5-ошёна, бинои нозироти андози шаҳр, Корхонаи металлҳои рангаи «Покрӯд», фабрикаи ғанигардонии маъдани Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Покрӯд» ва қисми низомии навтаъсиси таъйиноти махсуси Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Пешвои миллат дар намоишгоҳи деҳоти Ромит бо намунаи ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти кишоварзӣ ва гиёҳҳои шифобахш шинос шуда, бо вазъи картошкапарварӣ ва парвариши занбӯри асал дар мавзеи Канаски ҷамоати деҳоти Ромит ошноӣ пайдо карданд.

Дар ин соли ҷашнӣ ҳамчунин дар моҳи июн сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ сурат гирифт. Дар шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон, Ишкошим ва Дарвоз Президенти мамлакат бо ҷараёни корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ шинос шуда, як зумра иншооти мактабу маориф ва фарҳанг, нозироти андоз, Маркази эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва рушди туризм, биноҳои маъмурии мақомоти иҷроия, маҷмааҳои варзишӣ ва хаттҳои оби нӯшокиро мавриди истифода қарор доданд ва ба сохтмони биноҳои 12-ошёна дар маркази вилоят- шаҳри Хоруғ ва мактаби нав дар ноҳияи Ишкошим оғоз бахшиданд. Бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар вилоят тантанаҳои ҷашни Ваҳдати миллӣ баргузор шуда, Президенти мамлакат дар расми гузашти низомӣ ба ифтихори ин санаи фархунда ширкат варзиданд. Таъкид кардан ба маврид аст, ки Пешвои миллат дар ҷараёни ин сафар ҳамчунин аз Отряди сарҳадии Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ дар ноҳияи Ишкошим дидан карда, дар ҳама шаҳру ноҳияҳо бо мардум суҳбату мулоқотҳои самимӣ анҷом доданд.

Бояд таъкид кард, ки моҳи сентябр Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвоз ташриф бурда, дар ҷамоати деҳоти Сағирдашт як варзишгоҳ барои 400 ҷойи нишастро мавриди истифода қарор доданд ва ба сохтмони мактаби нав барои 450 ҷойи нишаст оғоз бахшиданд. Сипас дар ҳамин ноҳия Роҳбари давлат дар расми аз нав ба фаъолият оғоз кардани Қисми низомии 02011 Б-и Қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиа иштирок карда, аз намоишгоҳи дастовардҳои хоҷагии халқи ноҳияи Дарвоз боздид ба амал оварданд.

Охирҳои моҳи июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ сафари корӣ анҷом дода, як қатор иншооти муҳими таъйиноти гуногунро ифтитоҳ намуданд. Аз ҷумла, бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ноҳияи наздисарҳадӣ мактаби нав, бинои шуъбаи маориф, нозироти андоз ва хати нави оби нӯшокӣ мавриди истифода қарор гирифта, Сарвари давлат аз Қисми низомии 2133 Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ва намоиши дастовардҳои меҳнаткашони ноҳия дидан намуданд.

Ба ноҳияи Варзоб Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2016 се маротиба ташриф бурда, ду маротиба дар расми ифтитоҳи иншооти наву замонавии Маҷмааи кӯҳию лижаронии «Сафед-Дара» ва маротибаи дигар дар Намоишгоҳи дастовардҳои чорводорони мамлакат иштирок карданд. Дар ин ноҳия моҳи июл бори аввал намоишгоҳи дастовардҳои чорводорони мамлакат дар чунин сатҳи баланд ва бо иштироки бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, ки дар он дастовардҳои чорводорон ва занбӯри асалпарварони номдори шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Турсунзода, Ҳисор, Рӯдакӣ, Варзоб, Шаҳринав, Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ ба маъраз гузошта шуда буд. Зимни боздиди кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Маҷмааи кӯҳию лижаронии «Сафед-Дара» дар ноҳияи Варзоб дар моҳи август меҳмонхонаҳои барҳавои замонавӣ, нуқтаи нигоҳдории барфгардҳо, тарабхона, марказҳои савдо ва иҷораи лавозимоти варзишию барфбозӣ, майдонҳои лижаронию барфгардӣ, роҳҳои танобӣ ва мактаби махсуси кӯдакону наврасон оид ба намудҳои варзиши зимистона мавриди истифода қарор дода шуданд.

Охири моҳи декабр дар Маҷмааи кӯҳию лижаронии «Сафед-Дара» бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон биною иншооти дуошёнаи тарабхона, маҷлисгоҳ, нуқтаи иҷораи лавозимоти лижаронӣ, майдончаҳои дорои воситаҳои муосири дилхушкунанда барои бозиҳои зимистонаи кӯдакона, майдони бузурги бозиҳои конкию хоккей ва иншооти роҳи танобӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Умуман дар соли 2016 бо таваҷҷуҳ ва дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи кӯҳию лижаронии «Сафед-Дара» ба пуррагӣ навсозию таъмир гардида, ба як мавзеи воқеан дилфиреби истироҳатию фароғатӣ, сайёҳӣ ва машқу тамрингоҳи намудҳои гуногуни варзиши зимистона табдил ёфт.

Дар моҳи август сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрҳои Қӯрғонтеппаву Сарбанд, ноҳияҳои Бохтар ва Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон бобарору самарабахш ва фарогири иштирок дар чорабиниҳои ифтитоҳи иншооти нав, оғози сохтмони иншооти дигар ва чорабиниҳои фарҳангии ҷашнӣ анҷом ёфт. Дар ин рӯзҳои хотирмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Қӯрғонтеппа Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои идонаи таҷлили ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз намоиши театрикунонидашудаи аҳли фарҳанги вилоят иборат буд, иштирок карда, шодию нишоти сокинони шарафманди вилоятро бо ҳузури худ афзунтар намуданд. Бояд хотирнишон сохт, ки моҳи ноябри соли 2016 Президенти мамлакат ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон ташриф бурда, дар шаҳри Сарбанд ба корҳои таҷдиду барқарорсозии Неругоҳи барқи обии Сарбанд ва марҳилаи дуюми таҷдиду навсозии Корхонаи Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Азот» оғози расмӣ бахшиданд.

Охири моҳи август дар таърихи рушди истеҳсолоти ватанӣ ва пешрафту тараққиёти соҳаи саноати нассоҷии мамлакат таҳаввулоти назаррас ба вуқӯъ пайваст. Дар остонаи таҷлил аз ҷашнҳои бузурги умумимиллӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бузургтарин корхонаи истеҳсолӣ- Маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳҳомии «Ҷунтай-Данғара Син-Силу текстил» ба фаъолият оғоз намуд, ки дар ҷумҳурӣ ва минтақа беназир мебошад. Ҳамчунин Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ноҳия Донишгоҳи давлатии Данғара ва як Маҷмааи муҳташами варзиширо ифтитоҳ намуда, ба сохтмони Меҳмонхонаи муосири «Дарё-2015», бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ва Беморхонаи бисёрсоҳавӣ санги асос гузоштанд.

Дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Расадхонаи байналмилалии астрономии “Санглох”-и Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз таъмири капиталӣ ифтитоҳ ёфт. Расадхонаи байналмилалии астрономии “Санглох” аз лиҳози диди оптикӣ ва иқлими астрономӣ беҳтарин дар ҷаҳон аст ва он дар замони соҳибистиқлолӣ бо дарназардошти аҳамияти бузурги илмӣ ва байналмилалии мушоҳидаҳои астрономӣ, омӯзиш ва таҳқиқи ҷирмҳои хурди системаи офтобӣ, кометаҳо, бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди 20 соли аз кор мондан, барқарор карда шуд. Расадхонаи байналмилалии астрономии Санглох дар баландии 2300 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад ва соли 1977 сохта шудааст. Расадхона аз соли 1995 мақоми байналмилалӣ гирифтааст, зеро саҳми он ва олимони соҳа дар пешрафти илми кайҳоншиносӣ дар ҷаҳон назаррас аст.

Тантанаҳои марказонидашудаи ҷумҳуриявӣ ба истиқболи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи баланд доир гардиданд. Ба ифтихори ин санаи фархундаю таърихии давлату миллат дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе ҷамъомади бошукӯҳи тантанавӣ, гузашти низомӣ, роҳпаймоӣ ва барномаи фарҳангии театрикунонидашуда баргузор шуд. Дар роҳпаймоӣ, ки дар майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир  гардид, аз хиёбони Рӯдакӣ то кӯчаи Исмоили Сомонӣ 52 ҳазор нафар донишҷӯйи макотиби олӣ, мактаббачагон ва кормандону хизматчиёни сохторҳои  давлатии мамлакат ширкат намуданд.

Моҳи сентябри соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди истиқболи бошукӯҳи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе бо сафари корӣ ба вилояти Суғд рафтанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят биною иншооти таъйиноти гуногунро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо мардум суҳбату мулоқоти судманд анҷом доданд. Аз ҷумла, аснои ин сафар дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бинои нави Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва бинои истиқоматӣ дар маркази маъмурии ноҳия мавриди истифода қарор гирифтанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ноҳия аз Маркази таълимӣ-истеҳсолии атласу адрасбофӣ ва коргоҳи дӯзандагӣ дидан намуда,  бо лоиҳаи нави маркази маъмурии ноҳия ва дастовардҳои кишоварзон, хусусан дар соҳаи картошкапарварӣ шинос шуданд.

Дар ноҳияи Зафаробод Муҷассами Шоҳ Исмоили Сомонӣ, Маҷмааи Парчами миллӣ, мактаби замонавӣ ва як коргоҳи ҳунаромӯзӣ расман ифтитоҳ гардиданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии деҳқонии «Бахт» ба маъракаи ҷамъоварии пахта оғоз бахшиданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Спитамен Корхонаи равғанбарории ҶДММ «Спитамен Ойл» ва Корхонаи истеҳсолии ҶСП «Норд Азия Металл»–ро, ки аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст бунёд гардида буданд, расман мавриди истифода қарор доданд. Дар ҳамин ноҳия ҳамчунин як мактаби нави инноватсионӣ ва бинои маъмурии Кумитаи идораи замини ноҳия ба истифода дода шуданд.

Президенти мамлакат дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Маркази вилоятии ҳимояи аҳолӣ аз бемории силро ифтитоҳ намуда, дар шаҳри Бӯстон бинои истиқоматӣ барои хизматчиёни ҳарбӣ, дар шаҳри Хуҷанд Кохи ақди никоҳ, Кохи фарҳанги «Суғдиён», бинои баландошёнаи истиқоматӣ дар маҳаллаи 19-ум ва Маҷмааи таърихӣ-фарҳангии «Истиқлол»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Дар маркази вилоят- шаҳри Хуҷанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров санги асос гузошта, дар роҳпаймоии идонаи сокинони вилоят бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Даҳаи сеюми моҳи сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба гурӯҳи шаҳру ноҳияҳои водии Рашт бо сафари корӣ ташриф бурданд. Дар ин сафар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сангвор дар чорабиниҳои ифтитоҳи бинои Суди ноҳия ва маркази савдою хизматрасонӣ иштирок намуда, аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дидан карданд.

Дар ноҳияи Нуробод барномаи сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарогири чорабиниҳои ифтитоҳи бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ, боғчаи бачагонаи «Зебунисо» барои 140 нафар тарбиятгиранда, корхонаи коркарди ширу бастабандии равған ва боздид аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои соҳаи кишоварзии ноҳия буд.

Дар ноҳияи Тоҷикобод зимни ин сафар як меҳмонхонаи замонавӣ ва дар ноҳияи Лахш роҳи марказии ноҳия ва як бинои истиқоматии дуошёна мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Лахш ба ҷамъоварии ҳосили картошка оғоз бахшида, аз намоишгоҳи дастовардҳои кишоварзон дидан намуданд.

Дар охири силсилаи боздидҳои корӣ ба ноҳияҳои минтақа Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рашт омада, нахуст бо намунаи дастовардҳои кишоварзони ноҳия шинос шуданд. Сипас Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар ин ноҳия Маҷмааи варзишии Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон, Осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ, бинои нави таълимӣ ва хобгоҳи Коллеҷи тиббии ноҳияро ифтитоҳ намуда, дар боғи интенсивии «Пайванд-Рашт» бо ҳолати кори боғдорон ва дар намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва расму оинҳои миллии сокинони ноҳияи Рашт бо намунаи анъаноти мардум ва маҳсули дастони ҳунармандони ноҳия шинос шуданд. Нимаи дуюми рӯзи 27 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Рашт дар барномаи рангину бошукӯҳи идонаи устодони санъат ва ҳаваскорон ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон иштирок ва суханронии пурмуҳтаво намуданд.

Дар соли ҷашнӣ силсилаи сафарҳои кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Муъминобод ва Восеи вилояти Хатлон анҷом дода шуданд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Муъминобод Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6 барои 624 ҷойи нишаст дар деҳаи Чашмасор, бинои маъмурии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳия ва варзишгоҳи марказии навбунёдро ифтитоҳ ва аз боғи интенсивии хоҷагии деҳқонии «Хоҷаи нур» ва намоиши дастовардҳои мардуми ноҳия дидан намуданд.

Дар ноҳияи Восеъ бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон навбати аввали роҳи мошингарди Восеъ-Ховалинг, беморхонаи №3 ва Маркази саломатии деҳаи Меҳнатободи ҷамоати ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, варзишгоҳ, майдони корти теннис ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №51 мавриди истифода қарор гирифта, дар ин ноҳия Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо намунаи дастовардҳои заҳматкашон ва намоиши ҳунарҳои мардумии ноҳия, инчунин кори боғдорони хоҷагии деҳқонии «Файзи Саид шинос шуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб ду мактаби замонавӣ, Маҷмааи Нишони давлатӣ ва Парчами миллӣ ва маркази хизматрасонии «Роҳи абрешим»-ро ифтитоҳ намуда, ба корҳои сохтмони бинои Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб, бинои минтақавии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ ва меҳмонхонаи муосири баландошёна дар хиёбони Исмоили Сомонӣ оғоз бахшиданд. Ҳамчунин Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои барқарорсозӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақа ва намунаи дастовардҳои ҳоҷагидорони шаҳри Кӯлоб шинос шуда, Оромгоҳи алломаи бузург Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд. Тантанаҳои бузурги ҷашнӣ ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб хотирмону бошукӯҳ баргузор шуд.

Ҷараёни корҳои барқарорсозии иншооти тақдирсози давлату миллат- Неругоҳи барқи обии Роғун ҳам дар соли 2016 таҳти назорати қатъии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт. Моҳи августи соли 2016 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Роғун сафари корӣ анҷом доданд ва бо корҳои таъмиру навсозии иншооти НБО Роғун шинос гардида, дар расми ифтитоҳи бинои нави шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ иштирок карданд.

29 октябри соли 2016 дар мавзеи бунёди ин неругоҳи азим Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон савори техникаи вазнини корӣ зиёда аз якуним соат барои дигар намудани маҷрои дарёи Вахш сангу шағал пеш карда, ба оғози бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии Роғун асос гузоштанд, ки ин барои мардуми Тоҷикистон масъалаи ҳаёту мамот мебошад. Дар ин рӯзи таърихӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таъкид бар он доштанд, ки бунёду барқарорсозии ин иншооти муҳиму стратегӣ барои таъмини зиндагии сазовори наслҳои имрӯзу оянда хизмат карда, барои рушди иқтисодиёт ва дар маҷмӯъ, барои пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат заминаи мусоид фароҳам меорад. Аз ҷумла, баъди ба истифода додани неругоҳ имкон аст, ки дар кишвар даҳҳо корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ ифтитоҳ ва ҳазорҳо ҷойи нави корӣ таъсис дода шаванд.

Моҳи ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маротибаи дуюм бо сафари корӣ ба шаҳри Ҳисор ташриф бурда, дар расми ифтитоҳи Корхонаи азими металлургии тоҷик, як меҳмонхонаи замонавӣ, маркази хизматрасонӣ ва як кӯдакистон иштирок намуданд. Сарвари давлат бо фаъолияти кишоварзони Корпоратсияи Баракат ва чорводорони хоҷагии навтаъсиси Абдурауф Юсуфов шинос шуданд.

Умуман дар ин соли пурфайзу бобарор дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни мамлакат биною иншооти нави таъйиноти гуногун, корхонаҳои азими истеҳсоли семент, оҳану металлургӣ, истеҳсоли маҳсулоти кимиёвӣ ва корхонаҳои бузурги нассоҷии дар мамлакат ва минтақа беназир мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Инҳо тадбирҳои муҳим дар роҳи таъмини рушди иқтисодии мамлакат ва муҳайё сохтани ҷойҳои нави корӣ мебошанд, ки дар соли 2016 аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фароҳам оварда шуданд.

Ҳамчунин дар ин сол иншооти дигари азим- роҳи оҳани Душанбе – Қӯрғонтеппа – Кӯлоб мавриди истифода қарор дода шуд, ки дар таъмини пайванди пойтахти мамлакат бо вилояти Хатлон нақши арзанда мегузорад.

Дар охири сол ҳамчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2- ро бо иқтидори 300 мегаватт мавриди истифода қарор доданд, ки он имконияти энергетикии мамлакатро ба таври назаррас афзун менамояд.

Соли 2016 Тоҷикистон дар татбиқи лоиҳаҳои хурду бузурги ҷумҳуриявӣ ва минтақавии сармоягузорӣ муваффақ шуда, барои ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёт ва беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ дар мамлакат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдомҳои муассир анҷом доданд. Натиҷаи амалӣ намудани чунин иқдомҳои бузург буд, ки дар ин сол ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисоди миллӣ ҳафтуним миллиард сомониро ташкил дод, ки 51 фоизи он сармояи мустақим мебошад.

Дар ин соли таърихӣ ҷиҳати таъмин намудани рушди минбаъдаи кишвар, иҷрои афзалиятҳои миллӣ ва дар ин асос баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум барои давраҳои миёнамуҳлат ва дарозмуддат бо дастгирии бевоситаи Президенти мамлакат «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» қабул карда шуд.

Умуман соли 2016 новобаста аз таъсири манфии омилҳои берунӣ бо ҷаҳду талошҳои рӯзафзуни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди босуботи иқтисодии мамлакат нигоҳ дошта шуда, иҷрои нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва иҷтимоӣ тибқи ҳадафҳои афзалиятнок таъмин гардиданд.

Дар ин сол ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба зиёда аз 54 миллиард сомонӣ ва афзоиши воқеии он ба 6,9 фоиз баробар шуд.

Бо мақсади истифодаи самараноки захираҳои табиии кишвар ва дар ин замина ба кор даровардани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ соли 2016 дар мамлакат 251 коргоҳу корхонаҳои нав бо 9165 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд.

Тавассути дастгирии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танҳо дар доираи татбиқи чорабиниҳои Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ 40 ҳазор нафар шаҳрвандони бекор бо ҷойҳои корӣ таъмин гардида, умуман аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо зиёда аз 114 ҳазор ҷойҳои корӣ таъсис дода шуданд, ки аз ин 56 ҳазор ё худ 49 фоизи он ҷойи кори доимӣ мебошад.

Таваҷҷуҳу дастгирии Пешвои миллат аз кори кишоварзони мамлакат дар соли 2016 имконият фароҳам овард, ки рушди устувори ин соҳаи ҳаётан муҳим идома ёфта, истеҳсоли маҳсулоти соҳа ба маротиб афзуну таъминоти мардум бо маводи ғизоӣ аз солҳои пеш беҳтар гардад. Натиҷаи дастуру тавсияҳои судманди Сарвари давлат буд, ки соли 2016 маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ ба 22,2 млрд. сомонӣ баробар гашта, суръати афзоиш 5,2 фоизро ташкил намуд.

Дар соҳаҳои иҷтимоӣ низ роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат барномаҳои зиёди муҳимро амалӣ намуданд, ки ҳадафи ҳамаи онҳо беҳдошти сатҳи зиндагӣ ва ҳифзи иҷтимоии мардум мебошад.

Танҳо дар соҳаи маориф соли 2016 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 201 бинои таълимӣ ба маблағи 540 миллион сомонӣ бунёд ва навсозӣ гардида, 39 ҳазор ҷойи нишаст муҳайё карда шудааст. Месазад таъкид кард, ки дар ифтитоҳи қисми зиёди ин биноҳои нави мактабу дигар муассисаҳои таълимӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бевосита иштирок намуда, пайваста аз ҳолу аҳволи кормандони соҳа ва хонандагон бохабар мешаванд.

Дар соҳаи варзиш низ Тоҷикистон дар соли 2016 ба дастовардҳои бузурги ҷаҳонӣ ноил гардид. Дар остонаи таҷлил аз 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон музаффарияти беназири варзишгари номдори тоҷик Дилшод Назаров дар Бозиҳои олимпии Рио де Жанейро-2016 шуҳрату манзалати кишвари моро дар арсаи байналмилалӣ аз пештара бештар гардонид. Дар ин рӯзҳо ин варзишгари номвар дар мусобиқоти гурзпартоӣ пешсафӣ нишон дода, барандаи медали тиллои бозиҳои олимпӣ гардид. Ин бори дигар собит сохт, ки варзишу тарбияи ҷисмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зери таваҷҷуҳ ва дастгирии пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ногуфта намонад, ки дастоварди бузурги варзишии Дилшод Назаров аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври шоиста қадршиносӣ карда шуд.

Тавре таъкид гардид, соҳаи иҷтимоӣ дар сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олимақоми мамлакат мақоми шоиста дошта, ҳамасола маблағгузории соҳа ба маротиб афзун карда мешавад. Дар маҷмӯъ соли 2016-ум барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 52 фоизи хароҷоти буҷет, яъне 8,1 миллиард сомонӣ равона гардидааст.

Бояд гуфт, ки дар моҳи майи соли 2016 дар Раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуда, барои ворид кардани тағйиру иловаҳо ба баъзе моддаҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон раъй доданд. Иштироки бевоситаи Роҳбари давлат дар раъйпурсӣ далели воқеии арҷгузорӣ ба муқаррароти Конститутсияи мамлакат ва иштироки фаъол дар ҳаёти сиёсию ҷамъиятии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.

Ҳамчунин дар соли 2016 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бевосита дар кори ҷаласаҳои Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар охири сол Паёми солонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид. Дар маҷлиси ҷамъбастии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар охири сол баргузор гардид, нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат дар соли 2016 натиҷагирӣ ва вазифаҳои навбатӣ барои соли 2017 муайян карда шуданд.

Сиёсати хориҷӣ

Дар сиёсати байналмилалии Тоҷикистон низ соли 2016, ки соли ҷашнвораи бузурги истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад, пешравиҳои зиёд ба даст омаданд. Ин соли таърихӣ аз сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Мамлакати Арабистони Саудӣ, зиёрати Хонаи Худо, Оромгоҳи Пайғамбари ислом ҳазрати Муҳаммад (с) ва дар маҷмӯъ бо дуою фотиҳаи неки Сарвари давлат дар ин макони муқаддас дар ҳаққи Тоҷикистон ва сокинони сарбаланди он оғоз гардид.

Соли 2016, ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо зиёрати Қиблаи муъминон оғоз гардид, дар маҷмӯъ бобарору манфиатбор буд. Дар давоми сол ҳам миллати тоҷдору тоҷбарсар дар партави сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба комёбию музаффариятҳои беназир ноил шуданд. Дар сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Мамлакати Арабистони Саудӣ дар маҷмӯи муносибатҳои ду давлати дӯсту шарик таҳаввулоти ҷиддӣ ба вуқуъ пайваста, аз ҷумла панҷ санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки таҳкимбахшандаи пояҳои ҳуқуқии робитаҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои илм ва технология, маориф, ҷавонон ва варзиш, алоқаи ҳавоӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ мебошанд.

Барои муаррифии ҳарчӣ бештари Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва дарёфти роҳу усулҳои нави мусоидат ба рушди ҳамкории байнидавлатӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2016 ба кишварҳои дигари сайёра сафарҳои расмию давлатӣ ва корӣ анҷом доданд, ки нақши ин боздидҳо дар беҳбудбахшии равобити дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳон хеле муассир аст.

Аз ҷумла, зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Амороти Муттаҳидаи Араб Изҳороти муштарак оид ба густариши ҳамкории шарикӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва мубориза бо терроризм, Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба интиқоли маҳкумшудагон, Ёддошти тафоҳум оид ба машваратҳои сиёсӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии Амороти Муттаҳидаи Араб, Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои миллии сайёҳӣ ва осори қадимаи Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва тадқиқоти илмӣ ба имзо расида, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияти олимақоми ин кишвар ва роҳбарону намояндагони ширкату марказҳои гуногуни хайриявӣ суҳбату мулоқотҳои судманд анҷом доданд.

Дар моҳи майи соли 2016 бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ташриф оварданд. Дар анҷоми ин сафар пас аз мулоқоту музокироти сатҳи баланди дуҷониба Эъломияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар бораи густариш ва таҳкими муносибатҳои дуҷониба ва Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба истирдод ба имзо расид.

Дар доираи боздиди расмии Ассогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Давлати Кувайт ба имзо расидани Протокол дар бораи доир намудани машваратҳо байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Давлати Кувайт, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба ҳамкории амниятӣ, Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маълумоти олӣ ва таҳқиқоти илмӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба алоқаи ҳавоӣ, Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Кувайт оид ба рушди иқтисодиёти арабро метавон қадами устувору боварибахши роҳбарияти сатҳи олии Тоҷикистон дар роҳи мусоидат ба таҳкими муносибатҳои байнидавлатӣ бо мамолики Араб маънидод намуд. То анҷоми сафари расмии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Кувайт маҷмӯи санадҳои ҳамкории дуҷониба 11 ададро ташкил медоданд, ки дар натиҷаи ин боздид шумораи онҳо ба 17 адад расонида шуд.

Рушду тавсеаи муносибатҳо бо кишварҳои Осиё, Осиёи Шарқӣ ва Ҷанубу Шарқӣ пайваста дар меҳвари сиёсати хориҷии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар соли 2016 дар ин самт тадбирҳои сиёсати дарҳои боз ба таври боварибахш идома дода шуд. Бо анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Индонезия дар охири моҳи июл ва оғози моҳи август пояҳои ҳуқуқию қарордодии санадҳои ҳамкории байнидавлатӣ таҳкиму тавсеа ёфта, ҷамъи санадҳои танзимкунандаи муносибатҳои ду давлат ба 10 адад расонида шуданд.

1-уми декабри соли равон баъди анҷоми боздиди кории бобарор аз Венгрия, сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Чехия оғоз шуд. Дар Ҷумҳурии Чехия баъд аз баргузории мулоқоту музокироти сатҳи баланд Изҳороти муштарак миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Чехия оид ба таҳкими ҳамкориҳо қабул гардид. Ҳамчунин дар ҷараёни ин сафар Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Чехия оид ба алоқаи ҳавоӣ, Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Чехия, Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи саноатчиёни Ҷумҳурии Чехия ва Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Чехия ба имзо расид.

Соли 2016 дар таърихи муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Шри-Ланка нахустин сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳифаи наверо боз намуд. Дар ин сафар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дидору мулоқотҳои судманд бо роҳбарияти Шри-Ланка анҷом дода, дар мулоқот бо доираи тоҷирону соҳибкорони муваффақи ин давлат иштирок карданд. Ҳамчунин қабули Баёнияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри - Ланка оид ба таҳкими муносибатҳои дуҷониба ва имзои Ёддошти тафоҳум оид ба машваратҳои сиёсӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри – Ланка, Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри - Ланка оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри - Ланка оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, Ёддоштнома байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати стратегияи рушд ва тиҷорати байналмилалии Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри - Ланка дар мавриди мувофиқасозии созишнома оид ба ҳамкории мутақобила, Ёддошти тафоҳум байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Шри - Ланка ва Ёддошти тафоҳум байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи тиҷорати Коломбо оид ба рушди тиҷорати дуҷониба ва ҳамкории соҳибкорони ду кишварро метавон аз муваффақиятҳои олии ин сафари расмӣ арзёбӣ намуд.

Баъди анҷоми сафари бобарори расмӣ аз Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри – Ланка 16 декабри соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Ҳиндустон омаданд. Дар шаҳри Ню Деҳлӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пранаб Кумар Мукерҷӣ, Сарвазир Нарендра Модӣ ва дигар шахсиятҳои олимақоми давлату ҳукумати ин кишвар дидору мулоқотҳои судманд анҷом дода, дар расми қабул ва имзои санадҳои нави ҳамкорӣ, аз ҷумла Баёнияи муштарак оид ба таҳкими муносибатҳои дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон, Протокол оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз пардохти андоз аз даромад, Ёддошти тафоҳум байни Департаменти мониторинги молиявии дар назди Бонки миллии Тоҷикистон ва Воҳиди кашшофии молиявии Ҳиндустон оид ба ҳамкории дар соҳаи мубодилаи иттилоотии мақомоти кашшофии молиявӣ вобаста ба қонунигардонии “расмикунонии” даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм ва Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прасар Бҳарат - Хадамоти ҷамъиятии радио ва телевизиони Ҳиндустон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи радио ва телевизион ва табодули барномаҳои аудиовизуалӣ иштирок намуданд.

Умуман дар ҷараёни сафарҳои расмию давлатии Пешвои миллат ба мамолики хориҷӣ, ташрифи роҳбарияти олимақоми дигар кишварҳо ба Тоҷикистон ва дар маҷмӯъ соли 2016 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҳамшарик бо иштироки бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беш аз 35 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расида, сатҳу сифати ҳамкориҳои дуҷониба ба маротиб ва беш аз пеш беҳтар гардонида шуданд.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки дар соли 2016 ҳамчунин Перезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои сатҳи баланди Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва дигар чорабиниҳои муҳими сатҳи байналмилалию минтақавӣ ба ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон, Арманистон ва Федератсияи Русия сафарҳои корӣ анҷом доданд.

Соли 2016 бо Қатъномаи СММ ва ҷонибдории беш аз 190 кишвари ҷаҳон қабул гардидани ташаббуси нави башардӯстонаи Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор, 2018-2028” мақому манзалати Тоҷикистон ва обрӯю шуҳрати мардуми сарбаланди онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам бештар гардонид.

Моҳи марти соли 2016 Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун ва Президенти Бонки ҷаҳонӣ Ҷим Ёнг Ким бо ирсоли нома аз интихоб ва пазируфта шудани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба узвияти “Панели сатҳи баланд роҷеъ ба об” хабар доданд. Қарор дар бораи таъсиси Панели мазкур бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои аъзои СММ моҳи сентябри соли 2015 дар Маҷмаи умумии СММ дар доираи 17 Ҳадафи Рушди Устувор ҳамчун идомаи талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар самти татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола қабул гардида буд. Боиси ифтихору сарфарозӣ аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ саҳму ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар масъалаҳои ҷаҳонии об қадрдонӣ карда, ӯро аз байни роҳбарони 193 кишвари аъзои СММ ба Панели сатҳи баланди 15-нафара, ки ҳама роҳбарони кишварҳои ташаббускор дар масъалаҳои об мебошанд, интихоб намуд. Узвияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва аъзои дигари ин панел аз моҳи январи соли 2016 оғоз ёфта, ду сол идома хоҳад дошт.

Ба узвияти ин панели сатҳи баланд пазируфта шудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як далели пешсафии давлати мо ва Пешвои миллат дар ҳаллу фасли масоили ҷаҳонии об ва дар таҳкими эътибори байналмилалии Тоҷикистон аст.

Дар идомаи ташаббускорӣ дар ҳалли масоили мубрами байналмилалии вобаста ба об моҳи августи соли 2016 дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе бо дастгирӣ ва ҳидоятҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Ҳадафи шашуми рушди устувор таҳти унвони “Таъмини дастрасии умум ба об ва беҳдошт” баргузор гардид, ки дар кори он зиёда аз 700 нафар намояндаи воломақом аз 90 кишвари олам, 47 ташкилоти байналмилалӣ ва минтақавӣ, ба монанди СММ ва 17 сохтору ниҳоди зертобеи он, Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Бонки ҷаҳонӣ, Салиби Сурх ва дигарон иштирок намуданд. Моҳи ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кори Саммити оби Будапешт дар Венгрия иштирок ва бо нутқи пурмуҳтаво суханронӣ карда, таваҷҷуҳи ҷомеи ҷаҳониро бори дигар ба масоили доғи рӯз, яъне ҳалли саривақтии мушкилоти марбут ба об дар сайёра ҷалб сохтанд.

Дар рӯзҳои охири ин соли таърихӣ, яъне 21 декабр Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо Қатъномаи худ Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор”, 2018-2028-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, қабул намуд. Дар робита ба ин Дабири кулли СММ Пан Ги Мун ва Раиси Маҷмаи Умумии ин созмони ҷаҳонӣ Питер Томсон бо ирсоли номаи табрикӣ ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти сатҳи олии Тоҷикистон ва мардуми шарафманди тоҷикро бо қабули муваффақонаи қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028 самимона шодбош гуфтанд. Дар номаҳои табрикӣ изҳори боварӣ карда шудааст, ки Даҳсолаи нави марбут ба масъалаҳои рушди устувор ва истифодаи ҳамгироёнаи захираҳои обӣ, пешбарии ҳамкориҳо ва шарокат дар ҳама самтҳо метавонад ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои байналмилалии тасдиқшудаи марбут ба об, бахусус он ҳадафҳое, ки дар Рӯзномаи Рушди Устувори 2030 инъикос шудаанд, мусоидат менамояд. Хотиррасон менамоем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи апрели соли 2015 дар Форуми ҳафтуми ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои об дар шаҳри Дэгуи Ҷумҳурии Корея бо назардошти идомаи татбиқи амалии тадбирҳои нақшавӣ дар чаҳорчӯбаи Даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт» ва барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор пешниҳод намуданд, ки Даҳсолаи дуюми байналмилалӣ таҳти шиори «Об ба хотири рушди устувор» эълон карда шавад.

Даҳсолаи дуюми байналмилалии амали «Об ба хотири рушди устувор», 2018-2028 ташаббуси чоруми ҷаҳонии ҷониби Тоҷикистон мебошад, ки бо қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ва ҷонибдории давлатҳои аъзои ин созмони муътабар қабул карда мешавад.

Маҷмуан соли 2016 Тоҷикистони соҳибистиқлол дар партави сиёсати хориҷии дарҳои бози Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба як сарзамини меҳмоннавоз ва баҳаморандаи роҳбарони кишварҳои гуногуни сайёра ва макони чорабиниҳои бузурги сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ табдил ёфта буд. Моҳи майи ин сол татбиқи лоиҳаи бунёди хатти интиқоли барқи КАСА-1000, ки барои кишварҳои минтақа ҳамчун рамзи шурӯи ҳамкориҳои воқеӣ байни давлатҳои минтақаи фарохи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ аҳамияти таърихӣ дорад, оғоз гардид. Дар ин чорабинии муҳим Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Навоз Шариф, Раиси Ҳукумати иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Доктор Абдулло Абдулло ва Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков иштирок намуданд, ки намунаи олии таваҷҷуҳ ва изҳори омодагию ҳавасмандии роҳбарияти сатҳи олии Тоҷикистон ба таҳкиму тавсеаи ҳамгироии густурда ва ҳамдастии созандаи кулли кишварҳои минтақа ва ҷаҳон мебошад.

29 сентябр бори нахуст дар мамлакат “Рӯзи кормандони хизмати дипломатӣ” қайд карда шуд, ки дар чорабинии тантанавӣ ба ин муносибат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар ҳамин рӯз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои хуштарҳу замонавии Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ногуфта намонад, ки дар раванди пешбурди сиёсати хориҷии дарҳои боз, рушду тавсеаи муштаракоти дуҷониба ва бисёрҷониба ва таҳкими робитаҳои шарикию ҳамсоягии нек дар соли 2016 ҳамчунин дидору мулоқотҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе ва дигар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон бо роҳбарону намояндагони воломақоми давлатии кишварҳои хориҷӣ, ташкилоту созмонҳои бузурги минтақавию байналмилалӣ, ниҳодҳои дипломатию сиёсати хориҷӣ, роҳбарони ташкилоту идораҳои бонуфузи молиявию иқтисодии байналмилалӣ ва қабули эътимодномаҳои сафирони навтаъини як қатор мамолики хориҷӣ нақши муасир гузоштаанд.

Дар соли таърихии 2016 дар баробари истиқболи сазовори ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар санаҳои фархундаи давлату миллат, аз қабили Рӯзи Модар, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Рӯзи Конститутсия, Рӯзи Парчами миллӣ, Рӯзи Ғалаба, Иди саиди Фитр ва Иди Қурбон таҷлил карда шуданд, ки дар тантанаҳои ҷашнии аксари онҳо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуданд. Ҳамчунин дар бештари дигар рӯзҳои ҷашнӣ Пешвои миллат тавассути Паёмҳои шодбошии телевизионӣ мардуми шарифи мамлакатро бо ин санаҳои фархунда табрику таҳният гуфтанд.

Ҳамин тавр бояд қайд намоем, ки дар таърихи навини давлатдории тоҷикон хусусиятҳои фарқкунандаи соли 2016 аз солҳои дигари соҳибистиқлолӣ ба маротиб бештару назаррастар мебошад. Дар ин соли истиқболи сазовор аз 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави сиёсати хирадмандона ва башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат таҳаввулоти ҷиддӣ ва беназир ба вуқуъ пайвастанд:

Якӯм: бо дастгирию таваҷҷуҳ ва талошҳои бесобиқаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон ба татбиқи Лоиҳаи минтақавии интиқоли нерӯи барқи КАСА-1000 оғози расмӣ бахшида шуд, ки рамзи шурӯи ҳамкориҳои воқеӣ байни кишварҳои минтақаи фарохи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ буда, аҳамияти бузурги иқтисодию иҷтимоӣ дорад.

Дуюм: роҳи оҳани Душанбе – Қӯрғонтеппа – Кӯлоб, ки аҳамияти бузурги иқтисодию иҷтимоӣ дорад, маҳз бо иқдомоти созанда ва дастгириҳои пайвастаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Мавриди истифода қарор гирифтани роҳи оҳани Душанбе – Қӯрғонтеппа - Кӯлоб дар қатори дигар дастовардҳои даврони истиқлолият барои боз ҳам беҳтар шудани некӯаҳволии сокинони мамлакат ва пешрафту тараққиёти иқтисоди миллии Тоҷикистон нақши басо муҳиму арзишманд гузошта, ба рафтуомади осону арзони мусофирон ва боркашонӣ аз марказ ба ҷануби мамлакат хаматарафа мусоидат менамояд.

Сеюм: дар шаҳри Ваҳдат Корхонаи металлҳои ранга ва Корхонаи ғанигардонии маъдани «Покрӯд» ба истифода дода шуданд. Ба фаъолият оғоз кардани корхонаи металлҳои қиматбаҳо ва фабрикаи ғанигардонии маъдан дар шаҳри Ваҳдат аз ҷумлаи иқдомҳои созандае мебошад, ки дар баробари тақвияти иқтидори истеҳсолии мамлакат, ҳамчунин дар масъалаи таъмин намудани аҳолӣ бо ҷойҳои кори доимӣ аҳамияти назаррас доранд.Дар ҳар ду корхона зиёда аз 1100 нафар шаҳрванди Тоҷикистон бо ҷойи кор таъмин шудаанд ва солҳои оянда вобаста ба афзудани иқтидорҳои истеҳсолӣ шумораи ҷойҳои нави корӣ дар ин корхонаҳо бамаротиб зиёд мегардад.Танҳо дар сурати пурра фаъол гардидани истеҳсолот дар Фабрикаи ғанигардонии маъдани «Покрӯд» имконият фароҳам оварда мешавад, ки то 2 ҳазор нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гарданд;

дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд корхонаи азими сементбарории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хуаксин Ғаюр - Суғдсемент» бо иқтидори беш аз як миллион тонна ва 1300 ҷойи нави корӣ ва дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон Корхонаи истеҳсоли сементи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Чжунгтсай Моҳирсемент” бо иқтидори 1 миллиону 200 тонна ва наздик ба 850 ҷойи корӣ бо иштироки бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд;

дар ноҳияи Ёвон ҳамчунин Корхонаи истеҳсоли криолит, алюминийи фтордор ва кислотаи сулфат мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд, ки аз иқдомҳои бузург ва талошҳои бесобиқаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба ҳадафҳои рушди бемайлони соҳаи саноат, коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, паст кардани шиддати воридоти маҳсулоти хориҷӣ ба Тоҷикстон ва афзун намудани нишодиҳандаҳои таъсиси ҷойҳои нави корӣ мебошад;

дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон навбати аввали Маҷмааи нассоҷииҶамъияти саҳҳомии “Ҷунтай-Данғара Син-Силу текстил” ифтитоҳ карда шуд, ки дар бунёди марҳалаи якуми он 600 миллион сомонӣ сармоягузории мустақим ҷалб шуда, 600 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд. Ин корхона 3 даври пурраи коркарди пахтаро фаро гирифта, дар он истеҳсолоти ресандагӣ бо коркарди беш аз 52 ҳазор тонна нахи пахта, бофандагӣ бо истеҳсоли зиёда аз 150 миллион метри мураббаъ матои пахтагин, рангуборкунии 10 ҳазор тонна ришта ва даври ниҳоӣ - дӯзандагӣ бо истеҳсоли як миллион дона маҳсулоти тайёри дӯзандагӣ пешбинӣ гардидааст. Дар оянда баробари ба анҷом расидани марҳалаҳои дуюм ва сеюми корхона, дар маҷмӯъ, 6 ҳазор нафар сокинони мамлакат соҳиби ҷойи корӣ мегарданд;

дар шаҳри Ҳисор Комбинати металлургии тоҷик мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Ин корхонаи азими саноатӣ аз 6 сехи истеҳсолӣ иборат буда, дар соли аввал 120 ҳазор тонна маъдан истеҳсол ва коркард мекунад ва нишондиҳандаи истеҳсолӣ солҳои оянда то ба 200 ҳазор тонна расонда мешавад.

Чаҳорӯм: бо иштирок ва саҳмгузории бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони сарбанди бузургтарин иншооти гидроэнергетикӣ – Неругоҳи барқи обии Роғун, ки барои давлату миллат иншооти ҳаётан муҳим ба ҳисоб меравад, оғози расмӣ бахшида шуд.

Панҷӯм: маркази барқу гармидиҳии «Душанбе -2» пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, баробари ба истифода додани навбати дуюми Марказ бо иқтидори 300 мегават, иқтидории умумии он якҷоя бо навбати аввал ба 400 мегават баробар шуд.

Шашӯм: натиҷаи таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи варзишу тарбияи ҷисмонӣ дар соли 2016 самари дилхоҳ оварданд. Дар ин соли таърихӣ варзишгари шинохтаи тоҷик Дилшод Назаров дар даври ниҳоии мусобиқаи гурзандози Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия ғолибият ба даст оварда, сазовори медали тиллоии ин бозиҳо гардид. Ба медали тиллоии мусобиқоти ҷаҳонӣ ноил шудани Дилшод Назаров дар таърихи соҳибистиқлолии мамлакат руйдоди фараҳбахшу беназир буда, Тоҷикистонро машҳури ҷаҳон гардонид ва Парчами миллии давлати тозаистиқлоро партавафшону мардуми шарафманди ин сарзаминро дар сайёра боз ҳам ифтихорманду сарбаланд кард. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 2016 Дилшод Назаров барои саҳми намоён дар рушди варзиш ва дастоварди бузурги варзишӣ дар Бозиҳои ХХХI – тобистонаи олимпии Рио-де- Жанейро -2016 бо мукофоти давлатӣ Ордени Шараф дараҷаи I сарфароз гардонида шуд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба Дилшод Назаров 300 000 (сесад ҳазор) сомонӣ тақдим намуданд, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24-уми августи соли 2016 аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардидааст.

Ҳафтум: дар рӯзҳои охири соли 2016 бо Қатъномаи СММ ва ҷонибдории беш аз 190 кишвари ҷаҳон ташаббуси нави башардӯстонаю ҷаҳонии Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани Даҳсолаи нави байналмилалии “Об барои рушди устувор, 2018-2028” қабул шуд ва Сарвари давлат бо ин ташаббуси беназири ҷаҳонии худ бори дигар мақому манзалати Тоҷикистон ва обурӯю шуҳрати мардуми сарбаланди онро дар арсаи байналмилалӣ бештар гардонид.

Дар маҷмуъ соли 2016 новобаста аз ҳама мушкилоту душвориҳо соли барои давлату миллати тоҷик сарнавиштсоз ба ҳисоб рафта, дар ин сол Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд ба таъмини зиндагии шоистаи мардум, пешрафти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва пешгоми дар ҳалли масоили мубрами минтақа ва ҷаҳон муваффақ шаванд ва кишварамонро дар арсаи байналмилалӣ аз пештара бештар маъмулу машҳур гардонанд.

Таъкид намудан ба маврид аст, ки бунёди иншооти хурду бузурги таъиноти иқтисодӣ, саноатӣ, энергетикию иҷтимоӣ ва умуман, кулли дигаргуниву ободонӣ ва созандагиҳои Тоҷикистон дар соли 2016, баракати сиёсати бобарору созандаи иқтисодию иҷтимоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва самараи истиқлолияту соҳибихтиёрӣ, сулҳу суботи комил, ваҳдати миллӣ ва заҳмати содиқонаи сокинони мамлакат мебошанд, ки танҳо ба хотири пешрафту тараққиёти бемайлону босуботи Тоҷикистон амалӣ шудаанд.

Пешравию дастовардҳои беназири соли 2016 ва умуман муваффақиятҳои бузурги даврони соҳибистиқлолӣ, ки бо заҳмату талошҳои ҳамарӯзаи Асосугазори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд, аз ҳар яки мо шаҳрвандони ин сарзамини бостонӣ шукргузорӣ аз истиқлолу озодӣ, суботу оромӣ, рӯзгори ободу осоишта ва заҳмати бештарро ба хотири ояндаи боз ҳам босаодати Ватан тақозо менамояд.

 

Абдуфаттоҳ ШАРИФЗОДА,
доктори илмҳои таърих, профессор.

Самариддини Айниддин
Муовини Роҳбари Хадамоти матбуоти
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Субҳиддин ШАМСИДДИНЗОДА,
Аълочии матбуоти Тоҷикистон

АМИТ “Ховар”

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520