Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Рустам Азимов

27.12.2016 17:02, шаҳри Душанбе

Имрӯз дар Қасри Миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ Рустам Азимовро ба ҳузур пазируфтанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар роҳбарият ва мардуми ин кишвари дӯст ва ҳамсояи наздикро барои дар сатҳи баланд баргузор шудани Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон самимона шодбош гуфта, ташрифи ҳайати расмии ҳукуматии ин давлатро ба Тоҷикистон иқдоми муҳим дар рушду тавсеи бештари муносибатҳои байнидавлатӣ арзёбӣ намуданд.

Тоҷикистон аз ташаббуси ҷониби Ӯзбекистон дар мавриди барқарорсозии хатсайрҳои ҳавоӣ байни ду давлат ба хушнудӣ истиқбол менамояд, изҳор доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва афзуданд, ки кишвари мо хостгори дар оянда беҳтар гардонидани муносибат дар масъалаҳои барқарорсозии қитъаҳои роҳи оҳан, паст кардани тарифҳои ҳамлу нақл тавассути роҳи оҳан, ба роҳ мондани содироту воридоти дубораи нерӯи барқ, тавсеаи ҳамкориҳо дар бахши кишоварзӣ, бекор кардан ё содда гардонидани низоми раводидии рафтуомади шаҳрвандон ва ҳалли масъалаҳои марзӣ мебошад.

Ҷонибҳо атрофи вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоратию иқтисодӣ, роҳу нақлиёт, обу энергетикӣ, ҳифзи сарҳад ва фарҳангӣ табодули афкор намуда барои бартарафсозии шарту шароитҳои монеасози рушди робитаҳо дар ин соҳаҳо фикру мулоҳизаҳои судманд баён доштанд.

Тавре таъкид гардид, пояи қарордодию ҳуқуқии муносибатҳои байнидавлатӣ беш аз сад санади ҳамкориро дар бар мегирад, ки татбиқи амалии онҳо барои ҳар ду кишвар аз ҳар ҷиҳат манфиатовар хоҳад буд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки дар доираи кори Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ масъалаҳои муҳиму рӯзмарра баррасӣ шуда барои дарёфти роҳу усулҳои нави рушду тавсеаи бештари муносибатҳои байнидавлатӣ иқдомҳои муассир пеш гирифта мешавад.

Дар мулоқот ҳамчунин доир ба масоили марбут ба вазъи сиёсию низомии минтақа ва ҷаҳон, тақвияти ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ изҳори назар карда шуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520