Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Изҳороти матбуотӣ пас аз анҷоми музокироти байнидавлатии Тоҷикистону Ҳиндустон

17.12.2016 13:56, Ҳиндустон

Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори умум,
Хонумҳо ва ҷанобон,

Бо истифода аз фурсат нахуст мехостам ба Ҳукумату мардуми дӯсти Ҷумҳурии Ҳиндустон барои даъват ҷиҳати анҷом додани ин сафар, ҳамчунин пазироии самимӣ ва истиқболи гарми ҳайати Тоҷикистон сипоси амиқи хешро иброз намоям.

Сафари давлатии мо ба Ҷумҳурии Ҳиндустон идомаи муколамаи доимии байнидавлатии роҳбарияти ду кишвар аст.   

Бад-ин васила ҳар ду ҷониб ният доранд, ки ба муносиботи дорои анъанаҳои дерини таърихии миёни ду кишвари ба ҳам дӯст неруи тоза бахшанд.

Дар ҷараёни сафари давлатии кунунӣ мулоқот ва музокироти муфассал бо Ҷаноби Олӣ Нарендра Модӣ, Сарвазири Ҳиндустон ва ҳайатҳои ҳар ду ҷониб анҷом додем, ки дар фазои анъанавии дӯстона, созандагӣ ва ҳусни тафоҳум сурат гирифтанд.

Мавзӯи умдатарини мулоқоту музокирот ин таъйини роҳҳо ва воситаҳои густариш ва таҳкими минбаъдаи равобити дуҷониба, иҷрои созишномаҳо ва аҳду паймони қаблан ҳосилгашта буд.

Санадҳои имрӯз имзошуда як қадами муҳим дар татбиқи имконоти васеи ҳамкории дуҷониба дар арсаҳои гуногун, аз ҷумла дар бахшҳои тиҷорату иқтисод ва ҳавзаи инсонӣ, мебошад.

Ҷониби Тоҷикистон ҳамоно хоҳони ба сатҳи сифатан наву баланд баровардани ҳамкориҳояш бо Ҳиндустон дар соҳаи тиҷорату ҷалби сармояҳо мебошад.

Мо аз фаъолияти минбаъдаи сармоягузорони Ҳиндустон дар Тоҷикистон истиқбол менамоем.

Мо аз сармоягузории Ҳиндустон дар кишвар, аз ҷумла дар   минтақаҳои озоди иқтисодӣ, изҳори омодагӣ кардем.

Дар ҷараёни музокирот мо иттилоъ додем, ки бунёди як силсила неругоҳҳои барқи обии хурду миёнаро ба нақша гирифтаем ва дар ин замина ширкатҳои ҳиндустониро барои иштирок дар татбиқи онҳо даъват менамоем.

Мо ҷонибдории худро аз Долони байналмилалии нақлиётии «Шимол – Ҷануб» ва Долони нақлиётиву транзитии «Чобаҳор», ки муҳлати ҳамлу нақлро кам карда, қимату арзиши интиқоли молу колоро миёни Ҳиндустон, минтақаи Осиёи Марказӣ ва атрофи он паст менамояд, иброз доштем.

Ҷонибҳо муносибатиҳои дуҷонибаро дар арсаҳои мудофиа ва амният низ баррасӣ намуданд.

Қарор шуд, ки ҳамкориҳо дар ин самт минбаъд низ таҳкиму тавсеа хоҳанд ёфт.

 Дар ин зимн таъкид гардид, ки терроризм ва ифротгароӣ ба сулҳ, субот ва пешрафти ҳамаи кишварҳо таҳдиди ҷиддӣ мекунанд.

Мо мавзӯоти муҳимми минтақавиро мавриди баррасӣ қарор дода,   зарурати  густариш ва таҳкими ҳамкориро дар ин самт таъкид намудем.  

Мо мувофиқ бар он будем, ки истифодаи роҳҳои самараноку коромади ҳалли қазияи Афғонистон ва истиқрори ҳаёти осоиштаи он ҳамоҳангии бештари амалҳои муштараки Тоҷикистону Ҳиндустонро тақозо менамояд.

Дар ин зимн ҷониби Тоҷикистон натиҷаҳои конфронси шашуми   «Раванди Истамбул – Қалби Осиё»-ро, ки 4 декабри соли равон дар  Ҳиндустон баргузор шуд, умедбахш арзёбӣ кард.

Умедворам, ки сафари мазкур дар таърихи навтарини муносиботи ду кишвари дӯсту ҳамшарик ҷои шоистаю муносиберо ишғол хоҳад кард.

Бидуни шак, ин боздид аз Ҳиндустон барои таъмини дурнамои неки ҳамкориҳои ду ҷониб ва таҳкиму густариши минбаъдаи онҳо дар арсаҳои мавриди манфиати тарафайн аз ҳар ҷиҳат бамавриду судманд буд.

Ташаккур.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2017
Тел/Факс.: (+992 37)2212520