Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Ноиби Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Муҳаммад Ҳамид Ансорӣ

17.12.2016 16:36, Ҳиндустон

Дар шаҳри Деҳлӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Ноиби Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон, Раиси Раҷя сабҳа (Шӯрои Штатҳо) - Палатаи болоии парлумони ин кишвар Муҳаммад Ҳамид Ансорӣ мулоқот намуданд.

Дар мулоқот масоили рушду густариши бемайлони робитаҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Ҳиндустон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

 Таъкид гардид, ки муколамаи мунтазами сиёсӣ дар сатҳи олӣ омили муҳими таҳкими муносибатҳои дӯстонаи барои ҷонибҳо судманд ба ҳисоб рафта дар ин замина робитаҳои зичи байнипарлумонӣ низ метавонанд дар беҳтар гардонидани ҳамшарикии дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Ҳиндустон бо мазмуну мундариҷаи нав ва бо таври назаррас мусоидат намоянд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки дар оянда парламентҳои ду давлат дар таъмини фазои мусоид барои таҳкиму рушди минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Ҳиндустон дар бахшҳои сиёсату амният, тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, маориф ва фарҳангу иттилоот саҳми бештару хубтар мегузоранд.

Тавсеаи шарикии иқтисодӣ ва амниятию низомии ду давлат омили муҳими таъмини пешрафти назарраси иқтисодию иҷтимоии Афғонистон, амнияту суботи минтақа ва мубориза бар зидди зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир арзёбӣ гардид.

Дар мулоқот ҳамчунин дигар масоили муҳими ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Ҳиндустон дар доираи узвият дар ташкилоту созмонҳои бузурги минтақавию байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520