Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Анҷоми сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри - Ланка ва оғози сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Ҳиндустон

16.12.2016 14:25, Ҳиндустон

Имрӯз сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри - Ланка бо натиҷаҳои бобарор барои рушду густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ анҷом пазируфт.

Дар доираи сафари давлатӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияти олӣ, намояндагони воломақоми ин кишвар, доираи васеи соҳибкорону сармоягузорон ва роҳбарони ширкатҳои Шри - Ланка мулоқот карданд.

Аз рӯйи натиҷаи мулоқоту музокироти сатҳи олӣ Баёнияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри - Ланка оид ба таҳкими муносибатҳои дуҷониба қабул гардида, 5 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Коломбо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми ҳукумати Шри - Ланка самимона гусел карданд. 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ аз Шри-Ланка ба Ҷумҳурии Ҳиндустон ташриф оварданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Ню Деҳлӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарияти олимақоми ин кишвари дӯст самимона истиқбол гирифтанд.

Дар доираи ин сафар баргузории мулоқоту музокироти сатҳи баланди Тоҷикистону Ҳиндустон, дидору суҳбатҳои хосаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияти олии ин кишвари дӯст, имзои санадҳои нави ҳамкорӣ ва дигар чорабиниҳои дорои аҳамияти байнидавлатӣ дар назар дошта шудааст.

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520