Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи тасаллият ба Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ Халил ас-Сиси

12.12.2016 19:28, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ Халил ас-Сиси барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:

"Ҷаноби Олӣ,

Хабари фоҷеабори ҳалокати даҳҳо мардуми осоишта ва ҷароҳати вазнин бардоштани теъдоди зиёди шаҳрвандони кишвари дӯсти Миср бар асари таркиши даҳшатангез дар калисои ҷомеи қибтиҳо дар шаҳри Қоҳира боиси андӯҳ ва нафрати беандозаи инҷониб гардид.

Мо бо нигаронии шадид ин амали ғайриинсонии нерӯҳои аҳриманро   қатъиян маҳкум карда, ҳамбастагии  худро бо талошҳои минтақавию ҷаҳонӣ баҳри маҳви терроризм ва ифтротгароӣ таъкид менамоем.

Ҳамдардиву тасаллияти амиқи хешро ба наздикони фавтидагон изҳор намуда, хоҳони шифои комили ҳамаи осебдидагон ҳастам".

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520