Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Истиқбол дар фурудгоҳи байналмилалии Бандаранайкеи Шри-Ланка

12.12.2016 17:56, Шри-Ланка

Шоми имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка ташриф оварданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Бандаранайкеи пойтахти ин давлат шаҳри Коломбо, ки бо шиору навиштаҷоти шодбошӣ оро ёфта аз ду ҷониби роҳрав Горди фахрӣ саф ороста буд, Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка Ранил Викремесингҳ самимона истиқбол гирифт. Ба истиқболи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин аъзои ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Шри –Ланка саф ороста шуданд.

Баъди анҷоми муқаррароти истиқбол дар фурудгоҳ Роҳбари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо орзуҳои шукуфои беш аз беш ва таҳкими дӯстии мардумони Тоҷикистон ва Шри –Ланка дар Китоби тиллоии меҳмонони олимақом соядаст гузоштанд.

Хотиррасон менамоем, ки ин нахустин боздид ва он ҳам сафари аввалини давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка буда фарогири чорабиниҳои муҳими байнидавлатӣ, аз ҷумла мулоқоту музокироти сатҳи баланди дуҷониба, суҳбату вохӯриҳои хоса бо роҳбарияти олимақоми ин кишвар ва маросими имзои маҷмуи санадҳои нави ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Шри –Ланка мебошад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520