Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо сафирони Тоҷикистон дар кишварҳои Аврупо

30.11.2016 12:11, Маҷористон

Имрӯз дар шаҳри Будапешт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо сафирони Тоҷикистон дар кишварҳои Аврупо мулоқоти корӣ доир намуданд.

Дар мулоқот самтҳои асосии ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон бо ин кишварҳо дар бахшҳои мухталифи мавриди таваҷҷӯҳ баррасӣ карда шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон таваҷҷӯҳи сафиронро ба "Стратегияи рушди миллии Тоҷикистон то давраи соли 2030 ва ҷалби ҳарчи бештари шарикони Аврупои дар татбиқи ин Барнома ҷалб намуда доир ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар самти иқтисоду савдо, илму фарҳанг ва туризм, робита бо ҳамватанон ва тоҷикони бурунмарзӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва технологияҳои муосир аз кишварҳои пешрафтаи Аврупо дастурҳои зарурӣ доданд.

Пешвои миллат изҳор доштанд, ки намояндагиҳои дипломатии кишвар дар татбиқи ташаббусҳои Тоҷикистон бахусус Даҳсолаи нави байналмилалии амал "Об барои рушди устувор", 2018-2028 бояд нақши муассир дошта, дар ҳамаи сатҳҳо ҳамкориҳои густурда бо кишварҳои узви СММ ва сохторҳои дахлдори он, ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ дар амалӣ намудани ҳадафу вазифаҳои даҳсолаи нав ба роҳ монда шавад.

Ҳамчунин тақвияти ҳамкорӣ дар самти мубориза алайҳи таҳдиду чолишҳои муосир бахусус терроризм, экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир таъкид гардид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520