Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар Саммити оби Будапешт

28.11.2016 15:38, Маҷористон

Ҷаноби Олӣ Янош Адер, Президенти Ҷумҳурии Маҷористон,
Мӯҳтарам роҳбарон ва  аъзои ҳайатҳо,
Мӯҳтарам иштирокчиёни Саммит,

Нахуст мехостам миннатдории самимии худро ба ҷониби Маҷористон барои даъват ва фароҳам овардани шароити хуб барои баргузории чорабинии имрӯза баён намоям.

Мо Саммити оби Будапештро заминаи мусоид барои муҳокимаи созандаи ҷанбаҳои мубрами масъалаҳои вобаста ба об дар ҷаҳони муосир медонем.

Бовар дорам, ки он боз як марҳалаи муҳим дар раванди муттаҳид гардонидани талошҳои дастаҷамъонаи мо баҳри расидан ба ҳадафҳои рушди устувори вобаста ба об  хоҳад шуд.

 Ҳамоиши имрӯзаи мо дар даврае баргузор мегардад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ аз соли аввали татбиқи ду санади дорои аҳамияти глобалӣ – Рӯзномаи  рушд барои давраи то соли 2030 ва Созишномаи Париж оид ба иқлим - натиҷагирӣ менамояд.

Возеҳ аст, ки айни замон сухан гуфтан дар хусуси натиҷаҳои мушаххаси ин раванд ҳоло бармаҳал аст.

Ҳамзамон, маълум аст, ки дар ин ду санади аз лиҳози муҳтаво ба ҳам тавъам масоили марбут ба об  ҷойгоҳи хоссаро ишғол менамоянд ва мо имкон дорем, ки роҳҳо ва василаҳои дастёбӣ ба ҳадафу вазифаҳои дар онҳо муайяншударо баррасӣ намоем. 

Масъалаҳои беҳтар намудани сифати оби ошомиданӣ,  самаранокии истифодаи захираҳои об ва ба роҳ мондани мудирияти ҳамгироёнаи онҳо, ҳамчунин ҳифзи низоми экологии об ва дигар масъалаҳои марбут ба об имрӯз ба  Рӯзномаи нави ҷаҳонии рушд ворид гардидаанд.

Ин худ яке аз дастовардҳои муҳимми талошҳои муштараки чанд соли ахири ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад.

Ҷойи шубҳа нест, ки хавфи сар задани бӯҳронҳои обӣ бинобар афзоиши шумораи аҳолии саёраи мо ва коҳиш ёфтани захираҳои об тамоюли афзоишро касб хоҳад кард.

Тахмин меравад, ки то ахири даҳсолаи ҷорӣ дар ҳудуди ду миллиард аҳолии кураи Замин ба мушкили камбуди мутлақи об дучор хоҳад гардид.

Дар шароити  ниёзмандии рӯзафзуни ҷаҳонӣ ба об ҳамкориву шарикии созанда дар ин арсаҳо тақозои замон аст.

Мӯҳтарам иштирокчиёни Саммит,

Тавре ки ба ҳамагон маълум аст, Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи ду даҳсолаи ахир масъалаҳои вобаста ба обро дар чорчӯбаи  Рӯзномаи глобалӣ  фаъолона пеш мебарад.

Бо ташаббуси Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид Соли байналмилалии оби ошомиданӣ (2003), Даҳсолаи байналмилалии амалҳо  “Об барои ҳаёт” (2005-2015) ва Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи обро (2013) эълон кард.

Чорабиниҳои глобалии мазкур дар таҳкими фаҳму дарки аҳамияти об чи барои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ,  ҳифзи экологӣ ва чи дар таъмини сулҳу субот ва рушд саҳми шоёни худро гузоштанд.

Мо азм дорем, ки дар оянда низ талошҳои худро дар ин ҷода бо мақсади тақвияти пешравиҳои  бадастомада ва дастёбӣ ба натиҷаҳои нав идома диҳем.

Зимнан, мо пешниҳод кардем, ки  Даҳсолаи байналмилалии нав таҳти унвони “Об барои рушди устувор”  эълон карда шавад.

Аз нигоҳи мо ин ташаббус заминаи мусоидро барои расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор оид ба об фароҳам оварда, ба таҳкими нақши об дар раванди ноил гаштан ба дигар ҳадафу мақсадҳои дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқашуда мусоидат хоҳад намуд.

Раванди баррасии лоиҳаи қатъномаи дахлдори Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид  дар марҳалаи хотимавиаш қарор дорад ва мо  умедворем, ки он то анҷоми соли равон  бо ризоияти кулл қабул хоҳад шуд.

Моҳи августи соли ҷорӣ Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикони худ Симпозиуми байналмилалии сатҳи баландро дар мавзӯи амалӣ гардонидани Ҳадафи шашуми  рушди устувор, ки масъалаҳои таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба об ва беҳдоштро фаро мегирад,  доир намуд.

Натиҷаҳои он дар Эъломияи оби Душанбе,  ки ба ҳайси санади  ҷаласаи 71-ми Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид паҳн карда шуд, инъикос ёфтаанд.  

Тоҷикистон мавзӯоти марбут ба обро  ҳамчунин дар чорчӯби  Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об, ки бо ибтикори Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ва Президенти Бонки Умумиҷаҳонӣ таъсис ёфтааст, пеш мебарад.

Сентябри соли равон Панели мазкур Нақшаи амалҳоро қабул намуд, ки аз нигоҳи мо яке аз санадҳои дастурии муҳим дар ҷодаи ҳалли масъалаҳои вобаста ба об дар ҳамаи сатҳҳо ба ҳисоб меравад.

Тоҷикистон  захираҳои бузурги обро дар теъдоди зиёди пиряху дарёҳо, кӯлҳо ва шабакаҳои обии зеризаминӣ доро аст.

Дар қаламрави кишвари мо зиёда аз 60 фоизи захираҳои обии минтақаи Осиёи Марказӣ ташаккул меёбад.

Ҳукумати Тоҷикистон  ҷиҳати дарёфти роҳҳои ҳалли масъалаҳои вобаста ба об талошҳои пайваста меварзад.

Танҳо дар даҳ соли ахир  мо ин соҳаи ҳаётан муҳимро дар ҳудуди як миллиарду ҳафтсад миллион доллари амрикоӣ маблағгузорӣ кардем.  

Сарфи назар аз ин, кишвари мо дар бахшҳои фаръии вобаста ба об ҳоло ҳам рӯ ба рӯи мушкилот қарор дорад.

Чунин ҳолат, пеш аз ҳама, бо зерсохтори фарсудашуда, имкониятҳои маҳдуди молиявӣ ва норасоии иқтидорҳои техникӣ  вобастагӣ дорад.

Тайи даҳсолаи ахир ҳолати таъминоти зиёда аз якуним миллион аҳолӣ бо оби ошомиданӣ беҳтар гардонида шуд.

Ҳамзамон, як қисмати аҳолӣ, бахусус дар деҳот, ҳоло ҳам ба  шароити беҳтар дар арсаи беҳдошт ва дастрасӣ ба манбаъҳои тозаи оби нӯшокӣ ниёзманд аст.

Тоҷикистон захираҳои бузурги гидроэнергетикиро дошта бошад ҳам, дар давраи фасли зимистон ҳамасола бо камбуди нерӯи барқ дучор мешавад, ки дар навбати худ боиси мушкилоти мухталифи иҷтимоиву иқтисодӣ мегардад.

Аз 527 миллиард кВт/соати иқтидорҳои солонаи кишвар имрӯз танҳо 3–4 фоизи он истифода мешавад.

Ин нишондиҳандаҳо аз имконоти бузурги ҳалли мушкилоти мавҷудаи иҷтимоиву иқтисодӣ, ҳамчунин расидан ба рушди устувор шаҳодат медиҳанд.

Зироаткории обёришаванда ҳалқаи муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ ва шуғли аҳолӣ ба шумор меравад.

Дар Тоҷикистон истеҳсоли зиёда аз 80 фоизи маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ, ки 20 фоизи Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилиро ташкил медиҳад, маҳз ба ин бахши иқтисод рост меояд.

Ҳамзамон, ҳолати кунунии он ҷавобгӯи талаботи имрӯза нест.

Ба таҷдиди зерсохтори зироаткории обёришаванда бояд манбаъҳои зиёди молиявӣ ва талошҳои дахлдор равона карда шаванд. 

Мушкилоти вобаста ба обро равандҳои тағйирёбии иқлим ва офатҳои табиӣ дучанд печидатар мегардонанд.

Тайи даҳсолаҳои ахир масоҳат ва ҳаҷми пиряхҳои кишвар, ки  сарчашмаи асосии дарёҳо мебошанд, ба таври назаррас кам шудаанд.

Тағйирёбии иқлим ва шароити душвори кӯҳсор сабабгори ба вуқӯъ пайвастани офатҳои табиии вобаста ба об, аз қабили селу обхезиҳо мебошанд.

Бар асари чунин офатҳои табиӣ ҳамасола зерсохторҳо вайрон гардида, масоҳатҳои калон зери об мемонанд ва ба иқтисоди мамлакат зарари зиёд расонида мешавад.

Танҳо бар асари гармои ғайричашмдошти тобистони соли 2015,  обшавии босуръати пиряху барфтӯдаҳо ба иқтисоди кишвар дар андозаи зиёда аз 600 миллион доллари амрикоӣ зарар расонида шуд.

Чунин ҳолат аз мо андешидани чораҳои муассир ҷиҳати ҳифзи манбаъҳои обии кишвар ва бо ин тағйиротҳо  мутобиқ гардонидани низоми истифодаи обро тақозо менамояд. 

Масъалаҳои истифодаи самараноки захираҳои об, кам кардани талафоти он, беҳтар гардонидани сифати об ва пешгирии ифлосшавии манбаъҳои он доимо дар маркази диққати Ҳукумати Тоҷикистон қарор доранд.

Дар ин асос мавқеъгирии ҳамгироёна нисбати масъалаҳои вобаста ба об, ки метавонад заминаи расидан ба комёбиҳои нав шавад, дар Барномаи ислоҳоти бахши оби  Тоҷикистон барои давраи солҳои 2016-2025 дар назар дошта шудааст.

Барномаи мазкур дар заминаи ду усули асосӣ: ҷудо кардани вазифаҳои сиёсӣ аз танзими фаъолияти истеҳсолию хоҷагидорӣ ва гузариш ба низоми идоракунии ҳавзавӣ таҳия гардидааст.

Расидан ба мудирияти ҳамгироёнаи захираҳои об ва дигар  вазифаҳое, ки ба  Ҳадафҳои  рушди устувори марбут ба об ворид гардидаанд, ҳамчунин ба  Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 шомил карда шуданд.

Баробари ин талошҳои хоссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти ҳамкорӣ дар соҳаи об, бахусус дар сатҳи фаромарзӣ қайд кардан бамаврид аст.

Возеҳ аст, ки имрӯз мушкилоти вобаста ба обро бе ҳамкории фарогир, бахусус дар сатҳи фаромарзӣ, ҳал кардан ғайриимкон аст.

Мо мавқеи қотеонаи худро нисбати мушкилоти печидаи обию энергетикии минтақа борҳо эълом карда будем ва бар он ақидаем, ки танҳо ҳамкорӣ ягона василаи оқилонаи ҳалли онҳо мебошад.

Ҳамин аст, ки дар Консепсияи  сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба масъалаҳои дипломатияи об диққати хосса дода шудааст.

Минтақаи Осиёи Марказӣ аллакай имрӯз оқибатҳои манфии таъсири тағйироти иқлимиро эҳсос менамояд.

Ҳарчи бештар солҳои боришоти зиёд ва хушксолиҳо, ҳарорати баланди ҳаво дар фасли тобистон ва хунукиҳои дарозмуддат дар зимистон мушоҳида мешаванд.

Бар асари чунин ҳодисаҳои ғайримуқаррарӣ дар табиат кишварҳои минтақа талафоти зиёди иқтисодӣ мебардоранд ва возеҳ аст, ки ин тамоюл  дар оянда ҳам идома хоҳад ёфт.

Зиёда аз ин, эҳтимол меравад, ки дар солҳои пешомад теъдоди аҳолии минтақа ба таври назаррас афзоиш хоҳад ёфт.

Ин омил  зарурати андешидани чораҳои иловагиро ҷиҳати рушди иқтисодиёт, минҷумла бо мақсади зиёд кардани истеҳсоли маводи ғизоӣ ва нерӯи барқ ба миён меоварад.

Мусаллам аст, ки дар чунин шароит барои таъмини амнияти соҳаи об, энергетикӣ ва озуқаворӣ ҷалби маблағҳои калонҳаҷм ба зерсохторҳои нав, ҳамчунин технологияҳои муосири сарфаи обу барқ ва истифодаи самараноки захираҳои табиии мавҷуда зарур аст.

Он ҳам боиси зикр аст, ки захираҳои обӣ ба ҳайси манбаи барқароршавандаи тавлиди энергия дар амалияи таъмини консепсияи “рушди сабз”, ки ҷавҳарашро раҳоии тадриҷии иқтисод аз пайвастҳои карбогидридӣ ташкил медиҳад, ҷойгоҳи хоссаро дороанд.

Захираҳои бузурги обии Тоҷикистон ва қаторкӯҳҳои зиёди он имконоти фаровони истеҳсоли энергияи аз лиҳози экологӣ тозаро дарбар мегиранд.

Тавассути онҳо кишвари мо метавонад дар татбиқи ин консепсия саҳмгузор бошад.

Ҳамкориҳои судманд ва амалҳои мувофиқашуда дар  самти истифодаи оқилонаи захираҳои гидроэнергетикӣ, бешубҳа, метавонад ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои рушди натанҳо вобаста ба об, балки амалӣ гардонидани дигар аҳдофу масъалаҳо мусоидати ҷиддӣ намояд.

Ин амалия ҳамчунин метавонад омили муассири таъмини минбаъдаи сулҳу субот ва рушди минтақа шавад.

Мӯҳтарам иштирокчиёни Саммит,

Рӯзномаи рушд барои давраи то соли 2030 ва дигар барномаҳои байналмилалӣ оид ба рушд, маблағгузорӣ ва мудирияти захираҳои табиӣ заминаи мустаҳками ҳамкориҳои минбаъдаи моро фароҳам меоранд.

Мудирияти ҳамгироёнаи захираҳои об, дигар мавқеъгириҳои самаранок ва ташаббусу талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ барои тамоюлҳои мусбӣ дар раванди расидан ба ҳадафҳои дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқашуда оид ба масъалаҳои об ва беҳдошт омили мусоидакунанда мебошанд.

Ҳамзамон, мо бояд дарк намоем, ки дар ин масъалаҳо кишварҳо ҳоло ҳам бо мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ мешаванд ва ҳалли онҳо аз мо амалҳои дастаҷамъона ва ҳамоҳангшударо тақозо менамояд.

Аз ин рӯ, қабл аз ҳама, мо бояд чунин механизмҳои амалӣ гардонидани ҳадафу мақсадҳои мувофиқашударо таҳия ва роҳандозӣ намоем, ки дар асоси онҳо ҳамаи гурӯҳҳои истифодабарандаи об ҳам имконияти дастрасӣ  ва ҳам имконияти баробари қонеъ гароднидани ниёзмандии худро ба об дошта бошанд.

Мусаллам аст, ки барои ин доштани захираҳои кафолатноки молиявӣ зарур аст.

Ҳамзамон бо ин, муҳим аст, ки ба амалҳо ва фаврияти онҳо ҷиҳати расонидани кумак ба табақаҳои бештар осебпазири аҳолӣ дар кишварҳои камтараққӣ ва дар ҳоли рушд қарордошта тақвият бахшида шавад.

Бовар дорам, ки натиҷаҳои талошҳои  муштараки мо дар ин ҷода боз як омили муассири комёб гаштан ба Ҳадафҳои рушди устувор  хоҳанд шуд.

Дар фарҷоми сухани худ ба ҳамаи ҳозирин кори бобарору самарабахш орзу менамоям.

Ташаккур.

/ptext-align: justify;

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520