Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо фаъолони шаҳри Сарбанд ва коргарони Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Азот

18.11.2016 10:36, шаҳри Сарбанд

Дар шаҳри Сарбанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо коргарони корхонаи Азот ва фаъолони шаҳр мулоқоти судманд баргузор карданд.

Нахуст Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро бо маросими оғози таҷдиду азнавсозии иншооти ҳаётан муҳими соҳаи энергетика - Нерӯгоҳи барқи обии «Сарбанд» ва корхонаи калони истеҳсоли нуриҳои минералӣ - Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Азот табрику таҳният гуфтанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба саҳм ва аҳамияти Нерӯгоҳи барқии обии “Сарбанд” ва Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Азот дар рушди иқтисодиёти кишвар андешаронӣ карда, таъкид доштанд, ки фаъолияти пурсамари неругоҳи Сарбанд дар расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва корхонаи саноатӣ дар таъмини талаботи соҳаи кишоварзии мамлакат бо нуриҳои азотӣ такони ҷиддӣ мебахшад.

Таъкид гардид, ки Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Азоти шаҳри Сарбанд аз соли 2011 инҷониб аз фаъолият бозмонда буд ва бо шарофати сиёсати созандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ имрӯз корҳои таъмиру таҷдиди он оғоз гардид ва баъди ба истифода додан корхона бо истифода аз ангишти худӣ маҳсулот истеҳсол менамояд. Бо дарназардошти талаботи корхонаҳои саноатии мамлакат ба сӯзишвории алтернативии ангишт Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати саноат ва технологияҳои навро вазифадор намуданд, ки ҷиҳати тадриҷан зиёд кардани истихроҷи ангишт ва таъмини талаботи корхонаҳо тадбирҳои иловагӣ андешанд.

 Дар охири суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки ҳадафи асосии давлату Ҳукумати кишвар тавассути воридоти таҷҳизоту технологияҳои пешрафта ба кор андохтани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, яъне таҷдиди иқтидорҳои истеҳсолии амалкунанда, таъсиси корхонаҳои хурду миёна ва бузурги саноатӣ, таҳкими инфрасохтор, таъмин намудани пешрафти устувори иқтисодӣ ва тақвияти иқтидори содиротии мамлакат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум мебошад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2017
Тел/Факс.: (+992 37)2212520