Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъиноти кадрӣ

08.11.2016 18:27, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор сохторҳои давлатӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд.

Ҳамин тавр, бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Алибердиева Қиматгул Худобердиевна бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи раиси шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод ва Маҳтобшозода Арамбегим Бозор - иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин гардид.

Азизи Азимбой бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи раиси ноҳияи Ашти вилояти Суғд озод ва ба ҷойи ӯ Мирдадо Зариф - иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ашти вилояти Суғд таъин карда шуд.

Тибқи Фармони дигари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Машрабзода Ҳамидулло Маҳмадулло - муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин гардида, фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Ҳамчунин бо Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пайшанбезода Муҳиддин Шоҳинбод - мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ва Азимзода Алимардон Шоимардон - муовини Сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520