Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози фаъолияти меҳмонхонаи муҳташами “Усто Набот” дар шаҳри Ҳисор

05.11.2016 08:44, шаҳри Ҳисор

Субҳи имрӯз дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Ҳисор Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳр ба фаъолияти меҳмонхонаи муҳташами “Усто Набот”, ки аз панҷ ошёна ва таваққуфгоҳ иборат аст, оғози расмӣ бахшиданд.

Ин иншоот аз тарафи соҳибкори инфиродӣ Абдуҳаким Усмонов бунёд ёфта, дар он айни замон 35 нафар бо кори доимӣ таъмин гардиданд. Ба қавли соҳибкор, теъдоди коргарон ба 50 нафар расонида хоҳад шуд. Корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот моҳи апрели соли 2015 оғоз гардида, соли 2016 ба анҷом расид.

Тавре маълум гардид, меҳмонхонаи “Усто Набот” дорои 30 ҳуҷра буда, барои хизматрасонии 60 нафар дар як вақт пешбинӣ шудааст. Маблағи лоиҳавии меҳмонхона 10 миллион сомонӣ муайян шуда буд, вале бо сабаби анҷом ёфтани корҳои сохтмонӣ аз тарафи худи соҳибкор он нисбатан арзонтар бунёд шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шароитҳои хизматрасонии меҳмонхона ошноӣ пайдо намуда, ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд ва иқдоми соҳибкорро ибратбахш маънидод карданд.

Инчунин Меҳмонхонаи “Усто Набот” дорои тарабхона бо 200 ҷои нишаст ва толори маҷлисгоҳ барои 60 ҷойи нишаст мебошад.

Дар толори барҳавои тарабхонаи меҳмонхона, инчунин тӯйи суннатии 50 нафар ва хонадоршавии 6 ҷуфти ҷавон доир карда шуд.

Сарвари давлат ҳини табрикоти писарбачаҳо ва ҷуфтҳои ҷавони навхонадор, ташаббуси мазкурро амри башардӯстона арзёбӣ карда, ба соҳибҷашнҳо хушбахтӣ таманно намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520