Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо ваколатдори махсуси Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба масъалаҳои амниятӣ ва мубориза бо терроризм Чэн Гопин

29.10.2016 18:46, шаҳри Душанбе

Нимаи дуюми рӯзи 29 октябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ваколатдори махсуси Ҷумҳурии Мардумии Чин оид  ба масъалаҳои амниятӣ ва мубориза бо терроризм Чэн Гопинро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот, ки дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ ҷараён гирифт, маҷмуъи васеи масоили ҳамкорӣ, мавзуъҳои мубрами ҷомеаи ҷаҳонию минтақавӣ, аз ҷумла дар бахши амният баррасӣ карда шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот ба вазъи муносибатҳои шарикию стратегии ду кишвар, ки соли 2017 аз оғози робитаҳои дипломатӣ 25 сол пур мешавад, баҳои арзанда дода, таъкид карданд, ки Тоҷикистону Чинро муносибатҳои анъанавию таърихӣ ба ҳам мепайванданд ва он ба таври матлуб ба манфиати мамлакатҳо давра ба давра рушду густариш меёбад.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ техникӣ дар самти ҳифзи сарҳади давлатӣ дар минтақаи Тоҷикистону Афғонистон, пурзур кардани иқтидори мудофиавии кишвар изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Масъалаи таъмини амният ва вазъи муътадил дар минтақа барои амалишавии барномаҳои байнидавлатӣ ва санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, ки беш аз 200 ададро ташкил медиҳад, ҳамчун омили муҳим маънидод карда шуд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин ҷонибҳо масъалаҳои пурзур кардани муборизаи муштарак бо терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои фаромиллиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520