Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Арманистон Серж Саргсян

13.10.2016 19:58, Арманистон

Бегоҳии рӯзи 13 уми октябри соли равон дар шаҳри Ереван мулоқоти  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Арманистон Серж Саргсян баргузор шуд.

Дар мулоқот маҷмуи масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Арманистон баррасӣ гардид.

Аз сатҳу сифати ҳамкориҳои ду давлат дар доираи Созмони Миллали Муттаҳид,Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил,Созмони Амнияту ҳамкории Аврупо ва Созмони Аҳдномаи Амнияти дастаҷамъӣ изҳори қаноатмандӣ намуда ҳару ҷониб омодагию ҳавасмании худро барои густариши  бештари  муносибатҳои байнидавлатӣ таъкид карданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҷониби Арманистон барои дастгирии узвияти Тоҷикистон дар Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ ва расонидани кӯмак дар кори таҳкими сарҳади ҷанубии  Тоҷикистон дар доираи  Созмони Аҳдномаи Амнияти дастаҷамъӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

Ҷонибҳо ба рушду тавсеи бештари ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ мароқ зоҳир карда дар ин замина фаъолгардонии  кори Комиссияи байниҳукуматӣ  оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Арманистонро  махсус таъкид намуданд.

Тавре таъкид гардид, муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистон ва Арманистон дар заминаи беш аз 30 санади ҳамкорӣ, ки  соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, кишоварзӣ, сохтмон, ҳифзи муҳити зист, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангро  фаро  мегиранд,  роҳандозӣ шуда дар мувофиқаи ҷонибҳо боз наздик ба 10 санади нави ҳамкорӣ қарор дорад, ки ҳамкории ду давлатро дар самти рафту омади шаҳрвандон,соҳаҳои маорифу тандурустӣ,сиёсати ҷавонон ва робитаҳои  байни ниҳодҳои илмӣ пешбинӣ менамояд.

Дар мулоқот ҳамчунин маҷмуи масъалаҳои марбут ба авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла вазъи Афғонистон, ҳифзи сарҳади байнидавлатӣ, мубориза бар зиди терроризму экстремизм ва қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир баррасӣ шуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520