Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон ва сокинони ноҳияи Восеъ

03.10.2016 14:14, ноҳияи Восеъ

Ҳамдиёрони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Мехоҳам қабл аз ҳама, хурду бузурги сокинони заҳматқарини ноҳияи Восеъро ба ифтихори 25 – умин солгарди соҳибистиқлолии кишварамон сидқан табрик гуфта, барои меҳмоннавозӣ ва истиқболи гарму самимии Роҳбари давлат изҳори сипос намоям ва дар ҷодаи боз ҳам ободу зебо намудани ин гӯшаи Ватани маҳбубамон ба ҳар яки шумо саломатӣ ва барори кор орзу намоям.

Ҳамчунин мехоҳам бо қаноатмандӣ иброз дорам, ки дар зарфи бисту панҷ соли соҳибихтиёрӣ мардуми заҳматпешаи ноҳия бо истифода аз шароиту имкониятҳои мусоид, аз ҷумла захираҳои бойи обу сарватҳои табиӣ ва дар натиҷаи заҳмати софдилона ба дастовардҳои назаррас ноил шудаанд ва барои ободии диёри худ иқдомоти зиёди ватандӯстонаро анҷом додаанд.

Дар ҷараёни боздиди имрӯза мо мушоҳида кардем, ки бунёди инфрасохтори иҷтимоӣ, таъмиру азнавсозии роҳҳо, барқарорсозии мавзеъҳои таърихӣ ва ободии гулгашту хиёбонҳо симои ноҳияро куллан дигаргун намуда, ҳоло ноҳия ба як мавзеи хеле ободу зебо табдил ёфтааст.

Пешрафти иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар маркази диққати  Ҳукумати мамлакат ва Роҳбари давлат қарор дошта, бо ин мақсад дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби буҷети давлат қариб 700 миллион сомонӣ равона гардидааст ва ҷиҳати беҳдошти вазъи иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ барои бунёди  иншооти соҳаи иҷтимоӣ беш аз 330 миллион сомонӣ равона шудааст.

Ҳамзамон бо ин, дар асоси барномаҳои давлатии рушд дар ноҳия  то соли 2020-ум татбиқи 370 лоиҳа ба маблағи умумии 520 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Ду сол пеш зимни сафари корӣ ба ноҳия мо дар маросими ба  фаъолият шурӯъ намудани якчанд иншооти нав ширкат карда будем, ки дар онҳо қариб панҷ ҳазор нафар сокинони ноҳия бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.

Қобили зикр аст, ки ин раванди неку созанда дар ноҳия пайгирона идома ёфта, имрӯз баъди ба истифода додани роҳи мошингарди Восеъ-Ховалинг, инчунин якчанд иншооти таъиноти иҷтимоӣ, аз ҷумла варзишгоҳ барои 5800 ҷойи нишаст, корти теннис, маркази саломатии муосир, мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 51 барои 680 ҷойи нишаст, маркази хизматрасонии филиали Бонки давлатии “Амонатбонк”, мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 29, сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, боғчаи бачагонаву муассисаи томактабӣ, толори варзишӣ дар деҳаи Тосқалъа ва бинои маъмурии Хадамоти оташнишонӣ ба истифода супорида шуданд.

Ҳамзамон бо ин, аз ҷониби ашхоси саховатманд ва хоҷагии “Файзи Саид”-и деҳоти Рӯдакӣ беморхонаи замонавӣ иборат аз 4 шӯъбаи дорои 50 кат, толори варзишӣ, гулгашт, ҳаммом, нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ, боғи дарахтони ороишӣ ва сояафкан, марказҳои муосири савдо ва хизматрасонӣ, инчунин мактаб барои 680 ҷойи нишаст сохта, ба истифода супорида шуда, дар масофаи 7 километр барои таъмини аҳолии деҳоти мазкур бо оби ошомиданӣ корҳои сохтмонӣ анҷом дода шудаанд.

Соҳибкорони бонангу номус ва ватандӯсти ноҳия дар доираи таъкидҳои Роҳбари давлат рӯй ба сохтмони мактабҳои замонавӣ оварда, дар тарбияи насли ҷавон саҳми сазовори худро мегузоранд.

Аз ҷумла айни замон дар деҳоти Вайсови ноҳия аз тарафи соҳибкори деҳа мактаби таҳсилоти умумӣ барои 624 нафар ва дар деҳаи Восеъобод аз тарафи Ширкати “Комил – 2010” маҷмааи таълимии иборат аз гимназия ва литсейи касбҳои техникӣ бо хобгоҳ барои омӯзгорону донишҷӯён бунёд шуда истодааст, ки дар давоми як соли оянда ба истифода дода мешаванд.

Инчунин, дар ду соли охир аз ҷониби соҳибкорон 19 километр роҳҳои дохилии ноҳия асфалтпӯш ва аз таъмири асосӣ бароварда шудаанд.

Бояд зикр намуд, ки имрӯз дар доираи сафари кории Роҳбари давлат ба ноҳияи Восеъ, дар маҷмӯъ, зиёда аз 30 иншооти нави таъиноти гуногун ба истифода супорида шуд, ки ҳаҷми умумии маблағҳои сохтмон 40 миллион сомониро ташкил дода, дар онҳо садҳо нафар сокинони ноҳия бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.

Бо истифода аз фурсат, ба ҳамаи соҳибкорони бонангу номус, шарикони рушд ва шахсони саховатпеша, ки дар баробари бунёди иншооти гуногун ва обод намудани як гӯшаи диёрамон, инчунин, барои ҳамватанони азизамон ҷойҳои нави корӣ муҳайё карда, дар амри хайри дастгирии шахсони эҳтиёҷманд кӯшиш мекунанд, миннатдории самимии Ҳукумати кишварро изҳор менамоям.

Ноҳияи Восеъ имконият дорад, ки дар ояндаи наздик бо дарназардошти иқтидорҳои то ҳанӯз истифоданашудаи худ ба яке аз марказҳои бузурги саноатии кишвар табдил ёбад, зеро дар ноҳия барои таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла доир ба истеҳсоли масолеҳи сохтмон имкониятҳои васеъ мавҷуд буда, барои таъсиси корхонаҳои хурди коркарди мева ва истеҳсоли консерва низ шароиту захираҳои зиёд вуҷуд доранд.

Айни замон дар ҳудуди ноҳия корхонаҳои гуногуни саноатӣ фаъолият дорад, ки дар онҳо беш аз ду ҳазор нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мебошанд.

Самти асосии фаъолияти ин корхонаҳо коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, аз ҷумла пахта, истеҳсоли намаки ошӣ, масолеҳи сохтмон ва маҳсулоти хӯрокворӣ мебошад, ки онҳо дар таъминоти натанҳо аҳолии ноҳия, балки сокинони мамлакат бо якчанд намуди маҳсулот ҳиссаи муҳим доранд.  

Афзоиш додани шумораи корхонаҳои саноатии хурду миёна, хусусан, ташкили корхонаҳои саноатии коркарди маҳсулот, мусоидат намудан барои бо иқтидори пурра фаъолият кардани корхонаҳои мавҷуда ва бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ ба роҳ мондани истифодаи самараноки иқтидорҳои маҳаллӣ яке аз самтҳои афзалиятноки рушди минбаъдаи саноати ноҳия ба ҳисоб меравад.

Яке аз масъалаҳое, ки Ҳукумати мамлакат амалӣ шудани онро ба таври доимӣ пайгирӣ мекунад, ташкили ҷойҳои корӣ дар деҳоти кишвар  мебошад.

Бо ин мақсад дар доираи барномаҳои давлатӣ то соли 2020 –ум  дар ҳудуди ноҳия бунёди 75 корхонаи хурду миёна ва бузурги саноатӣ ба нақша гирифта шуда, танҳо соли ҷорӣ 6 корхонаи нави истеҳсолӣ бунёд ва ба истифода дода мешавад.

Яъне вазифаи роҳбарону мутахассисони ноҳия дар асоси истифодаи ашёи хоми маҳаллӣ зиёд намудани шумораи корхонаҳои нав, ба роҳ мондани истифодаи пурраву самараноки иқтидорҳои мавҷуда, аз ҷумла захираҳои ниҳоят бузурги намак ва содироти он таъсис додани ҷойҳои нави корӣ ва таъмини рушди минбаъдаи соҳаи саноат мебошад.

Дар давоми солҳои истиқлолият барои дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ аз ҷониби бонкҳо ва ташкилотҳои маблағгузорӣ, инчунин, аз ҳисоби Фонди дастгирии соҳибкорӣ ба субъектҳои соҳибкории ноҳия 740 миллион сомонӣ қарз дода шудааст.

Ҳоло дар ноҳия 9 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии беш аз 110 миллион сомонӣ мавриди татбиқ қарор дошта, дар доираи барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия тавассути сармоягузориҳои дохилӣ амалисозии як қатор лоиҳаҳои муҳим ба маблағи 22 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.  

Ҳозирини гиромӣ!

Дар замони истиқлолият барои беҳсозии таъминоти ноҳия бо нерӯи барқ 165 километр хатҳои интиқоли нерӯи барқ ва 26 зеристгоҳи барқӣ бунёду таъмир карда шудаанд.

Инчунин, барои сохтмон ва таҷдиди 68 километр роҳ ва 10 пул 185 миллион сомонӣ равона гардида, ба масофаи 4 километр корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба анҷом расонида шудаанд.

Айни замон дар доираи татбиқи лоиҳаи “Вусъат бахшидани ҳамкории минтақавии Осиёи Марказӣ” марҳалаи аввали азнавсозии роҳи мошингарди Восеъ - Ховалинг ба масофаи 88 километр ба охир расида, имрӯз ба истифода супорида шуд.

Лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Восеъ – Ховалинг бо ҷалби маблағҳои грантии Бонки Осиёии Рушд ва ҳиссагузории Ҳукумати мамлакат моҳи сентябри соли 2013 оғоз гардида, ба маблағи беш аз 600 миллион сомонӣ анҷом ёфт. 

Мехоҳам ба ифтихори ин рӯйдоди муҳим ҳамаи шумо, ҳозирини гиромӣ ва мардуми минтақаро табрик гуфта, ба сармоягузорону роҳсозон барои амалисозии ин лоиҳаи муҳим изҳори сипос менамоям.

Инчунин, бо истифода аз фурсат, ба Бонки Осиёии Рушд барои ҳамкориҳои судманд ва дастгирии лоиҳаи мазкур миннатдории Ҳукумати мамлакат ва мардуми вилояти Хатлонро баён мекунам.

Дар доираи лоиҳаи зикршуда танҳо дар ҳудуди ноҳияи Восеъ иловатан 255 миллион сомонӣ барои азнавсозии шоҳроҳи мошингард ба  масофаи 40 километр, сохтмону таҷдиди 11 пул ва таъмири 15 километр роҳҳои маҳаллӣ ба нақша гирифта шудааст.

Бо амалӣ гардидани ин лоиҳа рафтуомади сокинони ноҳияи Ховалинг низ хеле осон гардида, шумораи зиёраткунандагони ҷойҳои муқаддас ва сайёҳони дохиливу хориҷӣ зиёд хоҳад шуд.

Корҳо дар қитъаи мазкур аз оғози соли 2014 шурӯъ гардида, шумораи кормандони он 150 нафар, аз ҷумла беш аз 100 нафари онҳо сокинони маҳаллӣ мебошанд.

Вобаста ба ин, ба Вазорати нақлиёт ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода мешавад, ки анҷоми пурраи корҳои сохтмони роҳи зикршударо зери назорати доимӣ гирифта, барои татбиқи босифати лоиҳа чораҷӯӣ намоянд.

Бояд гуфт, ки кишоварзӣ соҳаи асосии иқтисодиёти ноҳия ба ҳисоб рафта, 62 фоизи ҳаҷми маҳсулоти умумии ноҳия дар ҳамин бахш истеҳсол мегардад ва барои 65 фоизи аҳолии қобили меҳнат сарчашмаи асосии даромад мебошад.

Воқеан, ноҳияи Восеъ яке аз калонтарин ноҳияҳои кишвар буда, қариб 23 ҳазор гектар замини кишт, аз ҷумла 15 ҳазор гектар замини обӣ дорад.

Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои муассир истеҳсоли маҳсулот дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ мунтазам зиёд шуда истодааст.

Аз ҷумла, дар муқоиса бо соли 1991 истеҳсоли ғалла 7 баробар, картошка 10, меваю сабзавот беш аз 5 ва  ангур қариб 4 баробар афзоиш ёфтааст.

Соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии ноҳия 651 миллион сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 1991 беш аз се баробар зиёд мебошад.

 Вале ин нишондиҳандаҳо ҳоло ҳам қонеъкунанда нестанд, зеро иқлими ноҳия барои парвариши сабзавот, картошка, меваҷот ва ангур мусоид буда, дар ҳолати истифодаи самараноки он, ҳаҷми истеҳсолро бамаротиб афзоиш додан мумкин аст.

Вобаста ба ин, ба Вазорати кишоварзӣ ва Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия супориш дода мешавад, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор барои таҳкими заминаи таъминоти моддиву техникии хоҷагиҳои деҳқонӣ, ҷорӣ намудани усулҳои пешқадами агротехникаву обрасонӣ, бо тухмиҳои хушсифат таъмин намудани хоҷагиҳо, бунёди гармхонаҳои парвариши зироатҳои барвақтӣ ва сардхонаҳо, ворид намудани технологияҳои интенсивии кишоварзӣ ва бунёди корхонаҳои коркарди меваю сабзавот тадбирҳои муассир андешанд.

Ҳамзамон бо ин, ҷиҳати ҷамъоварии пурраи ҳосили имсола ва омодагии ҳамаи соҳаҳо ба мавсими зимистон,  кишти тирамоҳӣ ва баҳорӣ,  ҳамчунин корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ чораҳои зарурӣ амалӣ карда шаванд.

Хотирнишон месозам, ки ноҳияи Восеъ дар даврони гузашта аз байни шаҳру ноҳияҳои кишварамон аз ҳама зиёд қаҳрамони меҳнат дошт.

Зарур аст, ки фарзандону шогирдони онҳо суннатҳои нек ва заҳмати фидокоронаи падарони худро идома бахшида, маданияти истифодаи заминро боз ҳам баланд бардоранд, аз заминҳои обӣ ду – се ҳосил гиранд ва мисли солҳои пешин дар таъмини амнияти озуқавории кишварамон ҳиссаи арзишманди ноҳияро, ки номи яке аз қаҳрамонони миллӣ – Восеъро дорад, гузоранд.

Ҳозирини муҳтарам!

Дар доираи ислоҳоти соҳаи маориф ва фароҳам овардани шароити муосири таълиму тарбия барои насли наврас дар ҳудуди ноҳияи Восеъ тӯли солҳои истиқлолият 33 бинои нав ва иловагии муассисаҳои таълимӣ сохта, ба истифода супорида шудааст.

Соли ҷорӣ 5 бинои нав ва иловагии таълимӣ барои 2200 ҷойи нишаст бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтаанд.

Илова бар ин, дар давоми се соли оянда сохтмони боз 7 мактаби нав пешбинӣ гардидааст.

Мардуми ноҳияи Восеъ ба фарҳангу маънавиёт эҳтироми хосса доранд ва дар домани ин гӯшаи фарҳангии кишварамон садҳо нафар аҳли илму фарҳанг ва санъат ба воя расидаанд, ки ба халқу Ватани худ содиқона хизмат мекунанд.

Дар доираи беҳтар намудани шароити корӣ ва таҳкими фаъолияти эҷодии фарҳангиёни ноҳия аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент бунёди Қасри фарҳанги ноҳия идома дошта, то ба имрӯз қариб нисфи корҳои сохтмон анҷом ёфтаанд.

Дар замони соҳибистиқлолии давлатамон маблағгузории соҳаи тандурустии ноҳия низ мунтазам афзоиш ёфта, соли ҷорӣ қариб 16 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса бо соли 1991-ум 120 баробар зиёд аст.

Танҳо дар давоми даҳ соли охир дар ноҳияи Восеъ қариб 20 муассисаи тандурустии сатҳи ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Дар робита бо ин, бори дигар ёдовар мешавам, ки ғамхорӣ ба маъюбону ятимон ва ниёзмандону оилаҳои камбизоат ҳеҷ гоҳ аз мадди назари Роҳбари давлат дур намемонад ва бо истифода аз фурсат, ба онҳое, ки даъвати моро дастгирӣ намуда, дар амалӣ гардидани чунин иқдомоти нек, инчунин кумаки беғаразона ба гурӯҳҳои осебпазиру ниёзманди ҷомеа  саҳми башардӯстонаву ҷавонмардона мегузоранд, изҳори сипос менамоям.

Ҳамчунин, Ҳукумати мамлакат ва вазорату идораҳои дахлдор, роҳбарони вилоят ва ноҳия вазифадор карда мешаванд, ки бо мақсади таъминоти мардуми ноҳия бо оби тозаву хушсифати нӯшокӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагиву беҳдошти санитарӣ ҷиҳати пурра ба итмом расонидани бунёди шабакаи обтаъминкунии шаҳраку деҳоти ноҳия ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ намоянд.

Ҳамиёрони азиз!

Чунонки худи шумо мушоҳида мекунед, амалисозии нақшаву барномаҳои созандаи Ҳукумати кишвар ба рушду тараққиёти ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла ноҳияи Восеъ мусоидат карда, дар ояндаи наздик симои ноҳия боз ҳам ободу зебо ва  сатҳу сифати зиндагии сокинон хеле беҳтар мегардад.

Вале таъкид месозам, ки истифодаи самараноки захираву имкониятҳои мавҷуда ва таъмин намудани пешрафти устувори иқтисодиву иҷтимоии ноҳия, пеш аз ҳама, ба заҳмати содиқона ва азму талоши созанда, инчунин ҳисси ватандӯстиву ватанпарастии ҳар як  сокини ноҳия вобаста мебошад.

Итминон дорам, ки мардуми ватандӯст, бонангу номус ва матиниродаи ноҳияи Восеъ, хусусан, бо дарназардошти вазъи ҷаҳони имрӯза, минбаъд низ бо ҳисси баланди милливу хештаншиносӣ дар ҳифзи дастовардҳои таърихии халқамон, ҳимояи манфиати давлату миллати куҳанбунёдамон ҳушёру омода хоҳанд буд ва бо заҳмати содиқонаву софдилонаи худ ин гӯшаи Ватани маҳбубамонро боз ҳам ободу пешрафта хоҳанд гардонид.

Дар интиҳо кулли мардуми меҳмоннавозу сарбаланди ноҳияи Восеъ ва ҳамаи шумо, ҳозирини арҷмандро бори дигар ба ифтихори биступанҷумин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистони озоду соҳибихтиёрамон табрик гуфта, ба ҳар кадоми шумо хонаи обод, саломативу хушбахтӣ ва барори кор мехоҳам.

Доимо хушбахту пирӯз бошед, ҳамдиёрони азиз!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520