Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба истифода додани роҳи марказии ноҳияи Лахш

26.09.2016 11:23, ноҳияи Лахш

Сипас боздиди Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Лахш бо ифтитоҳи роҳи марказии ноҳия, ки ба тозагӣ навсозӣ шудааст, идома ёфт.

Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки масофаи ин роҳ беш аз 3 километрро дар бар гирифта, он дар муҳлати кӯтоҳ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ бо харҷи 3 миллион сомонӣ азнавсозӣ карда шудааст.

Фармоишгари асосӣ барои таҷдиду барқарорсозии роҳи мазкур Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, корҳои сохтмониро роҳсозони ҶДММ «САЛОСА»  ба анҷом расонидаанд.

Дар маросими ба истифода додани роҳи мошингарди марказӣ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳо баҳои баланд дода, ҷиҳати азнавсозии роҳҳои боқимондаи ҳудуди ноҳияи Лахш, ки имрӯз ба таъмир ниёз доранд, ба масъулони сохторҳои дахлдор дастру супориш доданд.

Лозим ба ёдоварист, ки ин қитъаи роҳ аз ин пеш ҳолати ногувор дошт ва рафту омади ҳама гуна воситаҳои нақлиёт тариқи он ба мушкил сурат мегирифт. Акнун бо асфалтпӯш гардидани роҳи мазкур, ки бо ҳидояти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуд, сокинони ноҳияи Лахш изҳори хушнудӣ намуда, анҷоми корҳои ободонию созандагӣ, аз ҷумла таъмири роҳу пулҳоро роҳи расидан ба зиндагии аз ин ҳам хубтар арзёбӣ намуданд.   

Ҳамчунин дар рӯзҳои таҷлил аз 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2,5 километр роҳи мошингард, шуруъ аз гардиши деҳаи Қалъаи Занкон то дармадгоҳи маркази ноҳия баъди навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Таъкид гардид, ки дар зарфи панҷ соли охир аз ҳисоби буҷети ноҳия роҳи байни деҳаи Майдонтерак то маркази ноҳия ба масофаи 3 километр асфалтпӯш ва ҳамчунин роҳи мошингарди байни деҳаи Янгишаҳр то маркази ноҳия ба масофаи зиёда аз 2 километр таъмиру барқарор ва мумфарш карда шуд.

Дар маҷмуъ давоми солҳои 2010-2015 беш аз 15 километр роҳҳои ҳудуди ноҳияи Лахш мавриди таҷдиду азнавсозӣ қарор гирифта, як пули мошингузар низ пурра таъмир карда шудааст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520