Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи меҳмонхонаи наву замонавӣ дар маркази ноҳияи Тоҷикобод

26.09.2016 08:16, ноҳияи Тоҷикобод

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар маркази ноҳияи Тоҷикобод меҳмонхонаи наву замонавӣ, ки дорои 85 ҷои хоб мебошад, ифтитоҳ карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди буридани лентаи рамзӣ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани меҳмонхона аз шароити фароҳамгардидаи дохили он дидан намуданд. Тавре аён гардид, тарҳи бино ва утоқҳои хобу дигар иншооти ёрирасони меҳмонхона ба таври замонавӣ, бо истифода аз нақшу нигори миллӣ ва мутобиқ ба талаботи меъморӣ бунёд карда шудааст. Ҳар як утоқи хоби иншооти мазкур барои ду нафар пешбинӣ шудааст ва дорои тамоми шароит мебошад.

Бинои меҳмонхона аз се ошёна иборат буда, масоҳати умумии он 3 ҳазору 319 метри мурабаъро ташкил медиҳад. Иншоот аз 43 утоқ барои қабули меҳмонон ва 3 утоқи корӣ барои кормандон иборат аст. Дар ошёнаи якуми бино ошхона бо 50 ҷои нишаст сохта шудааст. Корҳои сохтмонӣ дар ин бино соли 2011 оғоз ёфта, дар рӯзҳои таҷлил аз 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расонида шудааст.

Фармоишгари иншоот Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, лоиҳакаш Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пажуҳишгоҳи илмӣ-лоиҳакашӣ ва ҷустуҷӯии САНИИОСП» мебошад. Корҳои бунёдиро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Бунён», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Бедак» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сохтмони кулиён» бо ҷалби бештар аз 100 нафар мутахассисони маҳаллӣ анҷом додаанд. Маблағи ҷудогардида барои сохтмони меҳмонхона 9 милиону 823 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Зимни боздид аз утоқҳои хоб ва дигар иншооти ёрирасони меҳмонхона Пешвои миллат ба сифати кори сохтмончиён баҳои баланд дода, таъкид намуд, ки бунёди чунин меҳмонхонаи замонавӣ бо шароити хуб дар ноҳияи Тоҷикобод барои ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон ба ин минтақаи дурдасти мамлакат мусоидат мекунад. Зеро меҳмонхона дар шафати шоҳроҳи аҳамияти байналмилалидоштаи Ваҳдат-Нуробод-Лахш-сарҳади Қирғизистон ҷойгир буда, барои масъулон имкон фароҳам меорад, ки дар баробари қабули меҳмонон аз дохили мамлакат инчунин хориҷиёне, ки тавассути ин шоҳроҳ мегузаранд, қабул намоянд.

Меҳмонхона бо тарҳи замонавӣ ва мутобиқ ба меъёрҳои сотмонӣ дар маркази Тоҷикобод қомат афрохтааст ва намои он ба ҳусни ноҳия зебогии дигар зам мекунад. Баъди мавриди истифода қарор гирифтани иншоот бештар аз 20 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520