Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар Форуми байналмилалии Душанбе оид ба оби тоза

30.08.2003 09:00, шаҳри Душанбе

30 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов, муовини Муншии умумии Созмони Миллали Муттаҳид Анварул Чоудхури, Аълоҳазрат Шоҳкарим Оғохони 4 ва дигар меҳмонон барои ширкат дар чорабиниҳои Форуми байналмилалии Душанбе оид ба оби тоза ба маҷмаи давлатии Кохи Борбад ташриф оварданд.

Сараввал, бо иштироки раққосони ҷавон барномаи хушобуранги театрикунонидашуда намоиш дода шуд, ки рамзи аҳамияти обро дар ҳаёти инсоният ифода менамуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Форуми байналмиллалии Душанбе оид ба оби тозаро кушода, зикр намуд, ки дар Форум намояндагони 53 давлат, 91 созмони байналхалқӣ, аъзои Ҳукумат, аъзоён ва вакилони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арбобони давлатӣ, дипломатҳо, мутахассисони соҳаҳои гуногун ва дигарон иштирок доранд. Эмомалӣ Раҳмон афзуд, ки масъалаҳои дар Форум муҳокимашаванда таваҷҷӯҳи роҳбарони бисёр давлатҳои ҷаҳонро ба худ ҷалб менамоянд. Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокчиёни Форум барори кор хоста, изҳори умед намуд, ки қарорҳои дар ҷараёни маҷлисҳои умумии Форум қабулшаванда ба ҳалли проблемаҳои таъминоти аҳолии сайёра бо оби тоза мусоидат хоҳанд кард.

Муовини Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид Анварул Чоудхури паёми шодбошии Муншии умумии Созмони Миллали Муттаҳид Кофи Ананро ба иштирокчиёни Форум қироъат кард.

Баъдан, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нутқи муқаддимавӣ намуд. Эмомалӣ Раҳмон сараввал дар баромадаш иштирокчиёни Форуми байналмилалии Душанбе оид ба оби тозаро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, зикр намуд, ки -..Кишвари мо, ҳарчанд ки дар саргаҳи ташаккулёбии захираҳои оби тоза қарор дорад ва соҳиби беш аз 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказӣ аст, аз масъалаи глобалии танқисии оби тоза худро канор гирифта наметавонад...

...Гузашта аз ин, мо аз он дар ташвиш ҳастем, ки зиёда аз як миллиард одам дар ҷаҳон ба оби тоза дастрасӣ надорад. Вақте ки ба сабаби нарасидани оби тозаи нӯшокӣ аз панҷ як ҳиссаи аҳолии сайёра азият кашида, ҳар сол тақрибан панҷ миллион одам аз итеъмоли оби ифлос ва бемориҳои вобаста ба он ҷони худро аз даст медиҳанд, мо мардуми Осиёи Марказӣ, ки ин проблема алалхусус бароямон мураккаб аст, наметавонем мавқеи бетарафиро ихтиёр кунем.

Аз ин рӯ, яке аз масъалаҳои ҷиддӣ, ки Тоҷикистон дар назди худ гузоштааст, дар доираи муносибатҳои интегратсионӣ ҷалб намудани таваҷҷӯҳи кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ба проблемаи таъминот бо оби тоза ва ҳифзи муҳити зист, ба масъалаи зарурати шадиди ҳифзи захираҳои об, истифода ва танзими оқилонаи онҳо мебошад.

Сабаби асосии Соли байналмилалии оби този эълон шудани соли 2003-юм, ки ташаббускори он Тоҷикистон мебошад, ҳамин аст."

Дар маросими ифтитоҳи Форум инчунин Аълоҳазрат Шокарим Оғохони 4, мудири раёсати Агентии рушду ҳамкории Швейтсария бо мамлакатҳои Аврупои Шарқӣ ва ИДМ Адам Треза, муовини мудири кулли котиботи СММ, муншии иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Осиёи Ғарбӣ Марват Таллавӣ, муовини Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон, раиси Созмони ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маъсума Ибтикор ва дигарон сухан карданд.

Ҳамон рӯз иштирокчиёни Форум ва меҳмонон дар Кохи Борбад дар маросими ифтитоҳи "Ҷаҳони об" ширкат варзиданд.

Баъди ҷашн ҳамон рӯз таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси кумитаи тадорукоти Форум Оқил Оқилов дар мавзӯи "Нақшаҳои умумии ба даст овардани ҳадафҳои рушди ҳазорсола ва мулоқоти ҷаҳонии бахшида ба рушди устувор" маҷлиси нахустини Форум баргузор гардид.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520