Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар вилояти Суғд 16 август дар ноҳияи Шаҳристон давом ёфт.
Сардори давлат дар майдони марказии ноҳия бо аҳли заҳмати он мулоқот кард. Дар ҷараёни мулоқот мавзӯъҳои муҳими ҳаёти имрӯза, аз ҷумла беҳтар сохтани шароити зиндагии мардум, фаъолияти ҳукумати маҳаллӣ дар бобати ободию созандагӣ, мусоидат ба рушду тараққии ноҳия, тараққиёти соҳаи картошкапарварӣ ва чорводорӣ мавриди муҳокима қарор дода шуданд.