Сипас, Эмомалӣ Раҳмонов ва ҳамроҳонаш ба ноҳияи Панҷакент рафта дар деҳаи Панҷрӯд мақбараи сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс Абӯабдулло Рӯдакиро зиёрат карданд. Дар ҷараёни сӯҳбату мулоқотҳо бо сокинони ҷамоати деҳоти Панҷрӯд масъалаҳои марбут ба риштаҳои гуногуни ҳаёти мардуми маҳаллӣ, аз ҷумла обод сохтани ин мавзеи таърихӣ, тармиму таҷдиди роҳҳо, бунёди бинои меҳмонхона, таъминоти деҳа бо барқ ва ғайра барррасӣ шуданд.
Пас аз анҷоми боздид аз Панҷрӯд Эмомалӣ Раҳмонов ба шаҳри Панҷакент омад.
Зимни мулоқот бо аҳли заҳмати шаҳр масъалаҳои муҳими ҳаёти имрӯзаи шаҳру ноҳия муҳокима гардида, ба мавзӯъҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ, аз ҷумла беҳтар сохтани вазъияти соҳаҳои маориф ва тиб, танзими расму оинҳо, бинокорӣ, ҷамъоварии ҳосил ва хусусан пешрафти соҳаи кишоварзӣ дахл карда шуд.
Эмомалӣ Раҳмонов баъдан ба маҳаллаи Вашании шаҳр омада, бо ҷараёни барқарор сохтани хонаҳои мардум шинос гардид.
Бегоҳии 15 август дар ҳукумати шаҳри Панҷакент маҷлиси фаъолони шаҳру ноҳия баргузор шуд. Дар маҷлис ба масъалаҳои сохтмони роҳи оҳан, канали Халифа Ҳасан, ки дарозиаш 15 километр мебошад ва бунёди хати интиқоли газ аз шаҳри Самарқанд, пойгоҳи обкашии "Нилуфар", ҷорӣ намудани андози ягонаи замин, сохтмони роҳу кӯпрукҳо, мустаҳкам кардани соҳили дарёҳо ва меҳмонхона дар деҳаи Панҷрӯд таваҷҷӯҳ зоҳир карда шуд. Сардори давлат зикр намуд, ки соли ҷорӣ 7 мактаб, соли оянда 10 мактаб ва то соли 2005 боз 10 мактаби дигар аз ҳисоби хазинаи эҳтиётии Президент бо компютер таъмин карда мешавад.