Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба имзо расидани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи беҳтар намудани вазъи китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ"

14.08.2003 10:00, шаҳри Душанбе

14 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи беҳтар намудани вазъи китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ" ба имзо расонид.

Қарори мазкур бо назардошти нақши бузурги Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ дар тарбияи маънавии сокинони мамлакат, рушду такомули илму фарҳанг, ҷамъоварӣ, ҳифз ва тарғиби мероси миллӣ ва умумибашарӣ ба имзо расонида шуд.

Тибқи қарори мазкур ба Вазорати фарҳанг ва дигар идораҳои дахлдор барои беҳтар намудани вазъи Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ як қатор супоришҳо дода шудааст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520