7 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон эътимодномаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон Харалд Лёшнерро қабул намуд.
Зимни мулоқот, ки баъди маросими супоридани эътимоднома доир гардид, ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои инкишофи муносибатҳои дуҷонибаро муҳокима карданд.
Мусоҳибон ҳамчунин оид ба вазъи минтақа ва Афғонистон мубодилаи афкор намуданд.