Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба имзо расидани як қатор қонунҳо

01.08.2003 11:00, шаҳри Душанбе

1 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мутобиқи талаботи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қонунҳои муҳимму ҷавобгӯи талаботи замонро ба имзо расониданд.

Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар хусуси ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии хоҷагии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ" аз қабили онҳост.

 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон" 30 июни соли 2003 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва 16 июли соли 2003 аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ карда шудааст.

Тибқи муқаррароти Қонуни мазкур ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 1301, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои содир намудани ҷинояти хариду фурӯши одамон муқаррар мекунад, илова карда шуда, моддаи 167 ҳамин Кодекс дар таҳрири нав баён карда шудааст, ки он ҷавобгариро барои хариду фурӯши ноболиғон пешбинӣ менамояд.

Ҳамчунин бо Қонуни зикргардида ба моддаҳои 339 (тасарруф ё вайрон кардани ҳуҷҷат, штамп, мӯҳр) ва 340 (сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ, штамп, мӯҳр ва бланкаҳои қалбакӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон қисмҳои нав, ки ҷавобгариро барои содир намудани ин кирдорҳо бо мақсади хариду фурӯши одамон пешбинӣ мекунанд, илова карда шудаанд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ" 30 июни соли 2003 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва 16 июли соли 2003 аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ карда шудааст.

Қонуни мазкур аз муқаддима, 5 боб ва 34 модда иборат буда, муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба шуғли аҳолӣ танзим менамояд, асосҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва ташкилии сиёсати давлатӣ дар ин самт, аз ҷумла кафолатҳои давлатро дар амалӣ гардонидани ҳуқуқҳои конститутсиони шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ аз бекорӣ дар шароити иқтисоди бозорӣ муқаррар менамояд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520