Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

30.07.2003 18:00, шаҳри Душанбе

30 июл таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии ҳукумати мамлакат баргузор гардид.

Дар маҷлис қариб 30 масъала, аз ҷумла масъалаи кадрҳо баррасӣ гардиданд.

Иштирокчиёни маҷлис ҳамчун масъалаи аввалиндараҷаи рӯзнома - масъалаи тараққиёти соҳаи нақлиёти автомобилӣ, аз ҷумла сохтмону тармими роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ ва тартиби танзими ҳамлу нақли байналмилалии автомобилиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор доданд.

Аъзои ҳукумат дар маҷлис лоиҳаи Созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Фаронсаро дар бораи ҳамкории фарҳангӣ ва илмию техникӣ ва Созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Украинаро дар бораи ҳамкорӣ дар мубориза ба муқобили хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор, моддаҳои фалаҷкунандаи асаб ва ашёи хоми онҳоро тасдиқ карданд.

Дар маҷлис ҳамчунин масъалаҳои соҳаи фарҳангу маънавиёт ва дигар масъалаҳои муҳими марбут ба тарақиёти иқтисодии мамлакат дар нимаи аввали соли 2004 мавриди баррасӣ қарор гирифт.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520