Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо ноиби аввали Раис, вазири мудофиаи Ҳукумати интиқолии Афғонистон Муҳаммадқосим Фаҳим

25.07.2003 17:00, шаҳри Душанбе

25 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ноиби аввали Раис, вазири мудофиаи Ҳукумати интиқолии Афғонистон Муҳаммадқосим Фаҳим мулоқот кард.

Зимни мулоқот мавзӯоти марбут ба муносибатҳои дуҷонибаи миёни Тоҷикистону Афғонистон, аз ҷумла ҳолат ва дурнамои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои миёни ду кишвар дар бахшҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар вохӯрӣ таваҷҷӯҳи асосӣ ба масоили тақвияти робитаҳо дар муборизаи муштарак алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҳамдастӣ дар таҳкими ҳифзи сарҳадот, ҳамкориҳо дар соҳаи тарбияи мутахассисин, бунёди иншооти нақлиётӣ ва ҳамлу нақл, инчунин дигар мавзӯот равона гардид.

Ҷонибҳо ба масъалаи эҳёи баъдиҷангии иқтисодиёти Афғонистон ва нақши Тоҷикистон дар ин раванд, ба шумули иқдомоти ҶТ дар роҳи интиқоли кӯмакҳои ҷомеаи башарӣ ба воситаи қаламраваш ба Афғонистони ҳамсоя дахл намуданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520