Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

30.06.2006 10:00, шаҳри Душанбе

30 июн таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Маҷлис бо муҳокимаи масъалаи кадрҳо ва баррасии нақшаи фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимаи дуюми соли 2003 оғоз ёфт.

Сипас фаъолияти мақомоти ҳокимияти иҷроия ва худидораи маҳаллии ноҳияи Шаҳринав дар бобати баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ ҳамаҷониба ва муфассал муҳокима карда шуд.

Аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқи ду ҳуҷҷати муҳими барномавӣ - Барномаи миллии "Ҷавонони Тоҷикистон дар давраи солҳои 2004-2006" ва "Нақшаи миллии тадбирҳои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои атфол барои солҳои 2003-2010"-ро ба мақсад мувофиқ донистанд.

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар масъалаҳои муҳимро баррасӣ намуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон натиҷаҳои маҷлисро ҷамъбаст карда, ба аъзои ҳукумат дар бораи масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти давлатии мамлакат дастурҳо дод.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520