20 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон эътимодномаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Италия дар Тоҷикистон Анҷело Персианиро қабул намуд.
Зимни мулоқот баъди анҷоми маросими супоридани эътимоднома ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаро ба таври муфассал баррасӣ намуданд.
Мусоҳибон ҳамчунин ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн диққат доданд.