Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

03.06.2003 16:00, шаҳри Душанбе

3 июн таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт.

Баъди баррасии масъалаҳои кадрӣ дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба истифодаи чарогоҳҳои мавсимӣ баррасӣ гардиданд.

Инчунин Низомнома дар бораи ба минтақаи сарҳадӣ ва хатти сарҳадӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, қоидаҳои вуруд, истиқомати муваққатӣ ва буду бош, рафту омад, иҷрои корҳо, баҳисобгирӣ ва таъминоти киштиҳои дарёгард дар минтақаҳои сарҳадӣ тасдиқ шуд. Аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи додани иҷозатнома (литсензия)-ро барои фаъолият дар соҳаи муомилот дар соҳаи партовҳои хатарнок маъқул шумориданд.

Бо дастгирии Сардори давлат ва пешниҳоди Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қарор "Дар бораи тадбирҳои такмил додани тартиби пардохтҳои иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иҷтимоии шахсоне, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бе ташкили шахси ҳуқуқӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд" қабул гардид.

Бо тартиби ташаббуси қонунгузорӣ лоиҳаи як қатор қонунҳо "Дар бораи корхонаҳои давлатӣ", "Дар бораи ихтироот", "Дар бораи муомилоти маводи таркандаи таъиноти гражданӣ" ҷонибдорӣ карда шуда, барои баррасӣ ба парлумони кишвар фиристода шуд.

Яке аз масъалаҳои дигари актуалии ҷаласа қабули қарор "Дар бораи ҷорӣ намудани тартиби ба қайдгирии муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа" буд.

Ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд созишномаҳои ҳамкориро бо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва кишварҳои хориҷи дур низ мавриди баррасӣ қарор дод. Аз рӯи масъалаҳои дигари дар рӯзнома пешниҳодгардида низ қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Дар интиҳои ҷаласа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи як қатор масъалаҳои актуалии ҳаёти имрӯзаи мамлакат, аз ҷумла оиди иҷрои буҷети давлатӣ дар панҷ моҳи соли 2003 дастурҳо дод.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520