Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи шодбошӣ ба Президенти Муғулистон

24.04.2012 11:30

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон унвонии Президенти Муғулистон Тсаҳиагийн Элбегдорж барқияи табрикотӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, чунин омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Басо шарафмандам, ки ба муносибати бистсолагии барқароршавии муносибатҳои дипломатии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон Шуморо самимона муборакбод намуда ва орзӯҳои беҳтаринро иброз дорам.

Мутмаинам, ки муносибатҳои хуби дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан муфиде, ки тайи ин солҳо байни ҳар ду мамлакат ба миён омадаанд, минбаъд ҳам ба нафъи халқҳоямон ва манфиатҳои таҳкими минбаъдаи сулҳу суботи фазои васеи Осиё рушду густариш меёбанд.

Мо барои расидан ба ин мақсадҳои наҷиб ба ҳамкории минбаъдаи самарабахш бо дӯстони муғуламон ҳам дар чаҳорчӯбаи дуҷониба ва ҳам дар доираи созмонҳои байналмилалӣ, ки кишварҳоямон дар онҳо ширкат доранд, омодаем.

Аминам, ки мо бо истифода аз таҷрибаи мусбати солҳои гузашта ва саъю кӯшишҳои муштарак метавонем ба шаклҳои мухталифи ҳамкории мутақобилан муфиди Тоҷикистону Муғулистон суръати бештаре бахшем.

Табрикотамро ба муносибати ин санаи фархундаи таърихи муосири муносибатҳои кишварҳоямон бори дигар иброз дошта, ба Шумо, ҷаноби Президент, аз самими қалб тансиҳатӣ, беҳбудӣ ва комёбиҳои нав ва ба халқи дӯсти Муғулистон сулҳу пешрафт ва шукуфоиро орзӯ менамоям.»

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520