Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Кохи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд ва Кохи фарҳанги «Суғдиён»

13.09.2016 16:47, шаҳри Хуҷанд

Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Раёсати вилоятӣ ва шаҳрии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, Кохи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд ва Кохи фарҳанги «Суғдиён» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Бо ифтитоҳи чунин як даргоҳи фарҳангӣ сардори давлат ба 25 ҷуфт оилаҳои навбунёд шаҳодатномаи ақди никоҳ ва ба 25 навзод шаҳодатномаи таввалуд супорид.

Ҳамчунин ба волидони сегоникҳо Набиев Мутаалибҷон ва Набиева Мағфират калиди хонаи се ҳуҷрага тақдим карда шуд.

Бинои мазкур аз 3 ошёна иборат буда сохтмонаш моҳи феврали соли 2016 оғоз гардида, дар тӯли 8 моҳ ба пураги сохта ба истифода дода шуд.

Дар ошёнаи якум толори ақди никоҳ ва ҳуҷраҳои ёрирасон ҷой дода шудааст. Дар ошёнаи дуюм қисмати шӯъбаи ақди никоҳ ва аснодҳои шаҳрвандони шаҳри Хуҷанд ҷойгир шудаанд. Ошёнаи сеюм аз шӯъбаи ақди никоҳ ва аснодҳои ҳолати шаҳрвандии вилояти Суғд иборат мебошад. Дар ин ҷо беш аз 20 утоқи корӣ ва дар таҳхонаи бино ошхона барои 80 нафар дар як вақт, толори қабули меҳмонон бунёд ёфтааст.

Қисмати бино барои Ансамбли рақсии «Зебо» - толори бо шароити зарурии тамрин бунёд ёфтааст. Хобгоҳ барои писарбачагон ва духтарон бо 80 кат ва хуҷраҳои ёрирасон сохта шудааст. Толори намоиш ва гузаронидани маҳфилҳо, консертҳо ва дигар вохӯриҳо барои 700 ҷойи нишаст, бо ороиши усули меъморӣ ва санъати миллӣ сохта шудааст.

Фармоишгари иншоот идораи сохтмони асосӣ вилоят буда, пудратчии асосӣ ширкати сохтмонии ҶДММ «Евростройсервис» мебошад. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки бо фароҳам гардидани чунин шароит кормандони ин даргоҳро зарураст аст, ки пайваста баҳри тарғибу ташвиқи арзишҳои милливу инсонӣ ва густариши маърифату завқи баланди мардум қарор дошта, масоили ватандустиву меҳанпарастиро бештар аз пештара тарғиб намуда баҳри мардуми минтақа хидмати одилонаро анҷом диҳанд.

Иттилоъ дода шуд, ки бинои нави хуштарҳу замонавии мазкур аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ бо харҷи беш аз 30 миллион сомонӣ бунёд гардидааст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520