Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Муассисаи нави таълимии ғайридавлатӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Спитамен

13.09.2016 10:23, ноҳияи Спитамен

Худи ҳамин рӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Спитамен - шаҳраки Навкат бо буридани лентаи рамзӣ дар вазъияти тантанавӣ ба фаъолияти Муассисаи нави таълимии ғайридавлатӣ барои хонандагони болаёқат оғози расмӣ бахшиданд.

Пешвои миллат бо шароиту имконоти муосири таълиму тарбия дар ин муассисаи навбунёд шинос шуда, бо хонандагон суҳбати озоду самимӣ анҷом доданд.

Аснои шиносоӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани мактаби мазкур дар як баст то 500 хонанда ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.

Мактаб аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Анвар Эшонқулов бунёд гардида барои хонандагони болаёқат пешбинӣ шудааст.

Пешвои миллат ба хонандагони ин муассисаи таълимӣ маҷмӯи асбобҳои мусиқӣ тӯҳфа намуданд, ки аз ҷониби онҳо бо як хушнудиву сипоси бепоён пазируфта шуд.

Корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот соли 2014 оғоз гардида, дар ду сол бо сифати баланд ва бо харҷи 6,5 миллион сомонӣ анҷом дода шудааст.

Муассисаи таълимии ғайридавлатӣ барои хонандагони болаёқат аз ду ошёна иборат буда, 25 синфхона аз ҷумла 4 кабинети фаннӣ, кабинетҳои физика, химия, биология, технологияи компютерӣ ва тахтаҳои синфии электронӣ дорад.

Дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар муассисаи таълимӣ бо мақсади эҳёи ҳунарҳои миллӣ, аз қабили қолинбофии дастӣ ва адрасу сӯзанӣ маҳфили адрас ва қолинбофии дастӣ амал мекунад. Барои аъзоёни ин маҳфили ҳунаромӯзӣ тамоми шароит фароҳам оварда шуда дар як вақт то 13 нафар метавонанд дар ин ҷо ҳунарҳои мардумиро аз худ намоянд.

Мактаб дорои маҷлисгоҳи барҳаво, ошхона барои 100 нафар ва китобхона бо 45 ҷойи нишаст буда дар ошёнаи дуюми он 8 ҳуҷраи хоб барои 50 хонанда, ки аз минтақаҳои дурдаст ба таҳсил фаро гирифта мешаванд, омода карда шудааст.

Ҳамзамон ҷиҳати ҷалби хонандагон ба варзиш ва дастрасии онҳо ба хизматрасонии тиббӣ дар муассисаи нав толори замонавии варзишӣ барои 200 ҷойи нишаст ва ҳуҷраи тиббии муҷаҳаз бо пешрафтатарин таҷҳизот бунёд гардидааст.

Тибқи маълумоти муассисони мактаб барои 1 воҳиди кории омӯзгорӣ бо тахассуси олӣ 1600 сомонӣ маош пардохт карда хоҳад шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520