Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи бинои маъмурии Кумитаи идораи замин дар ноҳияи Спитамен

13.09.2016 08:47, ноҳияи Спитамен

Дар ноҳияи Спитамен Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикитсон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои маъмурии Кумитаи идораи замин ва корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»-и ноҳия иштирок намуданд.

Пешвои миллат аз шароиту имконятҳои фароҳамоварда шинос шуда, ба кори босифати сохтмончиёну лоиҳакашон баҳои баланд доданд.

Бинои нави фаъолияти Кумитаи идораи замин ва корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»-и ноҳияи Спитамен дар заминаи собиқ бинои Ҷамъияти Саҳомии Кӯшодаи «Агропромтехснаби Нов» сохта шудааст.

Ҷиҳати фароҳамовардани шароити муосири корӣ тамоми тадбирҳои судманд амалӣ карда шудааст.

Бинои мазкур аз ду ошёна иборат буда, дорои 11 утоқи корӣ ва ошхона барои 35 ҷойи нишаст мебошад.

Корҳои таъмиру тармими куллии бино аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Бунёдкор-С»-и ноҳияи Спитамен анҷом дода шуда, арзиши он қариб як миллон сомониро ташкил медиҳад.

Қобили қайд аст, ки то ин вақт кормандони Кумитаи идораи замин ва корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»-и ноҳияи Спитамен бинои худро надоштанд.

Зикр бояд намуд, ки дар партави амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабули шаҳрвандон вобаста ба масъалаи замин дар бинои Кумитаи идораи замин ва корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»-и ноҳияи Спитамен тариқи «Равзанаи ягона» ба роҳ монда хоҳад шуд.

Гуфтан ба маврид аст, ки дар ноҳияи Спитамен қабули шаҳрвандон тариқи равзанаи ягона хуб ба роҳ монда шуда, то имрӯз дар бинои мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳия, нозироти андоз барои қабули шаҳрвандон тариқи равзанаи ягона мутобиқ гардонида шудааст.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520