Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи шодбошии Президенти Украина

24.04.2012 09:30

Президенти Украина Виктор Янукович унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, чунин омадааст:

«Мӯҳтарам Эмомалӣ Шарифович !

Ба муносибати 20 – умин солгарди барқароршавии муносибатҳои дипломатии байни Украина ва Ҷумҳурии Тоҷикистон табрикоти самимонаро аз номи халқи Украина ва шахсан аз ман қабул фармоед.

Давлатҳои мо дар давраи гузашта барои рушду густариши ҳамаҷонибаи ҳамкории мутақобилан муфиди дуҷониба кори зиёдеро ба ҷо оварда, ба сатҳи баланди ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баромаданд.

Аҳду паймоне, ки мо дар ҷараёни ташрифи расмии Шумо ба Украина карда будем, бешубҳа, саҳми бузурге ба рушди пайгиронаи робитаҳои дӯстонаи анъанавии байни мамлакатҳоямон гардид.

Аминам, ки татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар бахшҳои ҷавобгӯи манфиати якдигар ба рушди минбаъдаи иқтисодиёти миллӣ ба нафъи халқҳои Украинаю Тоҷикистон ва таҳкими мавқеъҳои давлатҳоямон дар арсаи ҷаҳон мусоидат мекунад.

Ба Шумо, Эмомалӣ Шарифович, тансиҳатии бардавом, саодат ва дар фаъолияти масъулиятноки давлатиатон комёбиҳо ва ба халқи дӯсти тоҷик сулҳ, беҳбудӣ ва шукуфоиро таманно дорам».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520