Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи бинои нави Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

11.09.2016 08:54, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази навбунёди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо буридани лентаи рамзӣ бинои нави Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро расман ифтитоҳ намуданд.

Чуноне иттилоъ дода шуд, бинои собиқи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бар асари лағжиши қитъаи замин дар ҳолати садамавӣ қарор гирифта, аз истифода берун гардида буд. Масъулин бошанд, то ин дам дар бинои қасри фарҳанг фаъолият мекарданд.

Бинои нави Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аз таҳхона, ду ошёна, 26 утоқи корӣ, 11 ҳуҷраи ёрирасон ва ошхона иборат мебошад. Ҳамаи утоқҳои корӣ бо тамоми шароити зарурӣ таъмин буда, онҳо дар фасли сармо тавассути шабакаи мустақили гармидиҳӣ, ки тариқи нерӯйи барқ кор мекунанд, гарм нигоҳ дошта мешаванд.

Масоҳати умумии иншоот 2 ҳазору 500 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дар ҳудуди бино ду толори маҷлисӣ, яке бо ғунҷоиши 50 ва дигаре бо 300 ҷойи нишаст бо ҷиҳози лозима таъмин мебошанд.

Арзиши лоиҳавии иншоот 9 миллион сомониро ташкил дода, он пурра аз ҳисоби буҷети вилояти Суғд маблағгузорӣ гардидааст.

Лоиҳаи бино аз ҷониби Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи "Суғд ИНТИЗ" таҳия гардида, дар корҳои фармоишӣ идораи сохтмони асосӣ ва пудратчигӣ Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди "Манзили Кӯҳистон" саҳм гирифтаанд.

Бо мақсади тобоварии иншоот ба иқлими маҳал аз масолеҳи сохтмонии босиффат истифода шудааст.

Сарвари давлат ба шарту шароити дар бинои нави Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия фароҳамгардида шинос шуда, аз аҳли кормандон даъват намуд, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо сатҳу сифати коргузориро беҳтар ба роҳ монанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520