Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар маросими ба истифода супоридани роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа - Кӯлоб

24.08.2016 09:03, ноҳияи Ёвон

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирин ва меҳмонони гиромӣ!

Имрӯз барои мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони заҳматқарини вилояти Хатлон рӯзи басо хотирмони таърихӣ мебошад.

Зеро дар арафаи ҷашни муқаддасу мубораки миллиамон - биступанҷумин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон яке аз нақшаҳои аз лиҳози иқтисодиву иҷтимоӣ бисёр муҳимми мо, яъне роҳи оҳани Душанбе – Қӯрғонтеппа – Кӯлоб – Носири Хусрав (Хошадӣ) амалӣ гардид.

Бинобар ин, кулли мардуми шарифи Тоҷикистон, сокинони сарбаланди вилояти Хатлон ва ҳамаи шумо, ҳозирини арҷманду меҳмонони гиромиро ба ин муносибат самимона табрик мегӯям ва ба сармоягузорону мутахассисони кишвари ба мо дӯсту ҳамсоя – Ҷумҳурии Мардумии Чин, дар навбати аввал, ба роҳбарону мутахассисони Ширкати нуздаҳуми роҳи оҳани Чин, муҳандисону бинокорони ватанӣ ва ҳамаи онҳое, ки дар татбиқи ин лоиҳа саҳм гузоштаанд, миннатдорӣ баён менамоям.

Бо дарназардошти он, ки рушди муназзами иқтисодиёти кишварро бе ташкили инфрасохтори замонавӣ, аз ҷумла инфрасохтори нақлиётиву коммуникатсионӣ таъмин намудан ғайриимкон аст, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба масъалаи бунёди роҳҳои дорои аҳаммияти минтақавӣ ва байналмилалӣ таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир гардида, то ба имрӯз барои аз бунбасти коммуникатсионӣ пурра раҳо намудани кишвар ва ба қаламрави транзитӣ табдил додани Тоҷикистон лоиҳаҳои зиёди сармоягузорӣ амалӣ карда шудаанд.

Зеро кишваре, ки дар назди худ ҳадафи пешрафту тараққиётро гузоштааст, бе сохтмону азнавсозӣ кардан ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани шабакаҳои дохилии коммуникатсионӣ рушди муназзаму устувори худро таъмин карда наметавонад.

Маҳз ба ҳамин хотир, дар тӯли солҳои истиқлолият ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои гузошташуда дар соҳаи нақлиёти кишвар 45 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии зиёда аз 12 миллиард сомонӣ татбиқ шуда, зиёда аз 2000 километр роҳҳои мошингард бунёду азнавсозӣ гардиданд ва 190 километр хатти нави роҳи оҳан сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Аммо ин ниҳояти кор нест, зеро татбиқи пурраи ҳадафи зикршуда барои кишвари мо аҳаммияти стратегӣ дошта, солҳои оянда низ ҳамчун самти муҳимму афзалиятнок идома дода мешавад.

 Бо ин мақсад, ҳоло дар соҳаи нақлиёту роҳсозии кишвар татбиқи 14 лоиҳа ба маблағи умумии панҷуним миллиард сомонӣ идома дорад.

Дар робита ба ин, мехоҳам таъкид созам, ки татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар бахши инфрасохтори нақлиётӣ, агар аз як ҷиҳат пайвастшавии кишвари моро ба шоҳроҳҳо ва бандарҳои обии ҷаҳон таъмин намояд, аз тарафи дигар ба рафтуомади озодонаи мардум ва вусъати савдои дохилии байни минтақаҳои мамлакат ва таъминоти бозори дохилӣ бо молу маҳсулот такони ҷиддӣ мебахшад.

Аз ин рӯ, Ҳукумати мамлакат барои таъмин намудани пешрафти бемайлони соҳа барномаҳои зиёдеро амалӣ гардонида истодааст.

Агар то имрӯз ба мо муяссар гардида бошад, ки бо кушодани нақбҳо ва бунёди роҳу пулҳо робитаи нақлиётии тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакатро дар ҳамаи фаслҳои сол таъмин намоем, пас бо ифтитоҳи лоиҳаи имрӯза робитаи доимии яке аз вилоятҳои калонтарини кишвар – вилояти Хатлон бо пойтахти мамлакат тавассути роҳи оҳан ба роҳ монда мешавад.

Аз ин лиҳоз, итминон дорам, ки мавриди истифода қарор гирифтани роҳи оҳани Душанбе – Қӯрғонтеппа - Кӯлоб дар қатори дигар дастовардҳои даврони истиқлолият барои боз ҳам беҳтар шудани некӯаҳволии сокинони мамлакат ва пешрафту тараққиёти иқтисоди миллии мо нақши басо муҳимму арзишманд хоҳад бозид.

Баробари ба фаъолият оғоз кардани  роҳи оҳани имрӯза рафтуомади мусофирон ва боркашонӣ аз марказ ба ҷануби мамлакат хаматарафа мусоиду осон ва албатта, арзон  мегардад.

Роҳи оҳани имрӯза дуюмин қитъаи қаторагард аст, ки мо дар даврони соҳибистиқлолии давлатамон бунёд кардем.

Ҳанӯз соли 1993, яъне замоне, ки кишварамон гирифтори буҳрони амиқи сиёсиву иқтисодӣ буд, мо қарор кардем, ки бунёди роҳи оҳани Қӯрғонтеппа – Кӯлобро оғоз кунем.

 7-уми сентябри соли 1998 марҳалаи якуми роҳ аз истгоҳи Қӯрғонтеппа то Саргазон ва 7-уми сентябри соли 1999 марҳалаи дуюми он то шаҳри Кӯлоб ба истифода супорида шуд, яъне кишвари мо дар шароити вазнинтарин соҳиби 132 километр роҳи оҳани замонавӣ гардид.

Бунёди роҳи оҳани Душанбе - Қӯрғонтеппа - Кӯлоб моҳи марти соли 2009 дар арафаи ҷашни Наврӯз ҳамчун рамзи суннати ободгаронаи миллати мо оғоз гардида, дар як муддати кӯтоҳ ба иншооти дӯстиву ҳамкорӣ табдил ёфт.

 Зеро дар ҷараёни сохтмон, дар баробари мутахассисони Корхонаи воҳиди давлатии “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, мутахассисону коргарони қариб 30 ширкати сохтмонии ватаниву хориҷӣ ва институтҳои лоиҳакашӣ фаъолона иштирок намуданд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар доираи сохтмони хатти роҳи оҳани имрӯза се нақб бо дарозии қариб 3700 метр ва ҳашт пули муосир бо дарозии қариб 700 метр бунёд карда шуд.

Барои бунёди роҳи оҳан бо дарназардошти сохтмони нақбу пулҳои масири он 985 миллион сомонӣ сарф шудааст.

Тӯли чанд соли охир дар сохтмони роҳи оҳани Душанбе - Қӯрғонтеппа - Кӯлоб ҳазорон нафар коргарон ба ҷойи кор таъмин гардида, роҳсозони тоҷик дар ин иншооти бузурги аср тавонистанд, ки таҷрибаи худро доир ба сохтмони нақб ва пулҳои қаторагард такмил диҳанд.

Ин, дар навбати худ, яке аз дастовардҳои соҳаи нақлиёти роҳи оҳан дар замони истиқлолият буда, мутахассисони тоҷик метавонанд таҷрибаи андӯхтаи худро минбаъд дар татбиқи лоиҳаҳои дигар истифода намоянд.

Бояд гуфт, ки роҳсозиву роҳдорӣ аз суннатҳои қадимаи мардуми мо ба ҳисоб меравад, зеро маҳз роҳҳо дар тӯли асрҳои зиёд халқҳову кишварҳо ва тамаддуну фарҳангҳоро ба ҳам пайваста, омили пешрафти ҷомеаи инсонӣ ва ривоҷи тиҷорат гардидаанд.

Ҳоло Роҳи оҳани Тоҷикистон беш аз 80 фоизи ҳаҷми умумии боркашонии байналмилалии мамлакатро ба уҳда дошта, қатораҳои он соле садҳо ҳазор нафар мусофирон ва миллионҳо тонна молу маҳсулоти гуногунро интиқол медиҳанд.     

Ҳукумати мамлакат пайваста саъю талош дорад, ки барои шабакаҳои роҳи оҳани кишвар ҳамаи шароиту имкониятҳои заруриро фароҳам оварда, онҳоро ба талаботи замони муосир ва тараққиёти босуръати ҷомеа мутобиқ гардонад.

Ифтитоҳ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани роҳи оҳани вилояти Хатлон, яъне масири Душанбе - Қӯрғонтеппа - Кӯлоб мисоли равшани ҳамин саъю талошҳо ва туҳфаи арзандаи идона ба мардуми шарифи Тоҷикистон ва сокинони вилояти Хатлон мебошад.

Баробари ба фаъолият шурӯъ намудани роҳи оҳани имрӯза масофаи роҳ ҳамагӣ 119 километрро ташкил карда, интиқоли як тонна бор                     тақрибан 37 сомониро ташкил хоҳад дод, ки нисбат ба хатсайри пешина қариб 115 сомонӣ арзон мебошад.

Хатти нави роҳи оҳани Душанбе - Қӯрғонтеппа - Кӯлоб на танҳо ҳамлу нақли молу маҳсулот, балки рафтуомади мусофиронро ҳам осону арзон гардонида, самаранокии иқтисодии яксолаи он 46 миллион сомониро ташкил медиҳад ва хароҷоти сохтмонро дар зарфи даҳ сол мепӯшонад.

Роҳи оҳани нав ҳамчунин шароиту имконияти мусоиде фароҳам меорад, ки бору маҳсулоти кишвар ба сарҳади давлатҳои ҳамсоя бурда, дар муддати кӯтоҳ ба бандарҳои обии имконияти боркашониашон номаҳдуд расонида шавад.

Ва ҳамзамон бо ин, роҳи оҳани имрӯза аҳаммияти транзитии кишварро боз ҳам тақвият мебахшад ва барои пешрафти ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, афзоиши даромад ба хазинаи давлат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар шудани шароити зиндагии мардуми кишвар, аз ҷумла сокинони вилояти Хатлон мусоидат мекунад.

Муҳимтар аз ҳама, роҳи оҳан омили муҳимми тараққиёти соҳаи саноат ба ҳисоб рафта, имкон медиҳад, ки дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни вилояти Хатлон боз даҳҳо корхонаҳои нави саноатӣ бунёд гардида, рушди босуботи шаҳру ноҳияҳои вилоят ва мамлакат таъмин карда шавад.

Дӯстони азиз!

Дар ин лаҳзаҳои барои мардуми кишварамон хотирмон як нуктаи бисёр муҳимро мехоҳам таъкид намоям, ки бунёди чунин иншооти бузург ва умуман, кулли дигаргуниву ободиҳое, ки дар Тоҷикистони азизи мо амалӣ шуда истодаанд, баракати истиқлолияту соҳибихтиёрӣ, сулҳу суботи комил, ваҳдати миллӣ ва самараи неки заҳмати содиқонаи сокинони мамлакат ба хотири пешрафту тараққиёти Ватани маҳбубамон мебошанд.

Бинобар ин, ҳар яки мо бояд шукронаи истиқлолу озодӣ, суботу оромӣ ва рӯзгори осоиштаро ба ҷо орем, боз ҳам бештар заҳмат кашем, то ки ватанамонро аз имрӯз дида, ободу зеботар ва зиндагии ҳамватанонамонро беҳтар гардонем.

Дар охир, бори дигар кулли мардуми шарифи Тоҷикистон, сокинони ватанпарвару заҳматдӯсти вилояти Хатлон, ҳамаи шумо меҳмонону ҳозирини арҷманд ва мутахассисону роҳсозони кишвари дӯсту ҳамсоя –Ҷумҳурии Мардумии Чинро ба ифтихори ҷашни дарпешистодаи 25-солагии истиқлолияти давлатӣ, яъне ҷашни озодиву соҳибихтиёрии давлати тоҷикон ва ба муносибати ифтитоҳи хатти нави роҳи оҳан табрик гуфта, ба ҳамаи шумо, аз ҷумла ба роҳдорону роҳсозони матиниродаи Тоҷикистони соҳибистиқлол сари баланду барори кор орзу менамоям.

Ҳамеша саломату пирӯз бошед, ҳамватанони азиз!

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520