Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳадафи шашуми рушди устувор – “Таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба об ва беҳдошт”

09.08.2016 09:33, шаҳри Душанбе

Муҳтарам муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид,
Ҷанобон ва хонумони гиромӣ,

Нахуст, мехостам бо камоли самимият ҳамаи иштирокдорони Симпозиуми байналмилалии сатҳи баландро оид ба ҳадафи шашуми рушди устувор – “Таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба об ва беҳдошт” хайрамақдам гӯям.

Нишасти имрӯзаи мо, ки  бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид сурат мегирад, ҷиҳати  муҳокимаи роҳу усулҳои рафъи мушкилоти вобаста ба татбиқи рӯзномаи ҷаҳонии рушд бо таваҷҷуҳ ба ҳадафҳои марбут ба об имконияти хуберо фароҳам меорад.

Мубодилаи афкор атрофи масъалаҳои вобаста ба пиёдасозии уҳдадориҳои мо дар соҳаи рушди устувор амри рӯз мебошад.

Зимнан, ба роҳбарияти Созмони Милали Муттаҳид ва дигар сохторҳои алоқаманд  барои кумаку дастгириашон дар раванди тадорукот ва баргузории Симпозиум  сипосу миннатдорӣ изҳор менамоям.

Соли 2015 ҷиҳати таҳия ва тасдиқи Рӯзномаи ҷаҳонии рушд соли хотирмон буд.

Дар ин сол ҷомеаи байналмилалӣ як силсила санадҳои муҳимро, ки пояҳои асосии рӯзномаи ҷаҳонии рушдро ташкил медиҳанд, қабул кард.

Барномаи сиғавии Сендай дар бораи коҳиши офатҳои табиӣ барои солҳои 2015-2030, Барномаи амали Аддис-Абеба роҷеъ ба маблағгузории рушд дар давраи баъд аз соли 2015, Рӯзномаи рушди устувор то соли 2030, Созишномаи Париж оид ба иқлим аз ҷумлаи онҳоянд.

Ҳамаи ин санадҳо аз лиҳози ҳадафу вазифаҳои худ ба ҳам тавъам буда, масири рушди башариятро барои даҳсолаҳои минбаъда муайян месозанд.

Аз ин нигоҳ, санадҳои болозикр  идомаи мантиқии  чунин барномаҳои  ҷаҳонӣ, аз қабили Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола, Барномаи амали Ҳиого ва Протоколи Киото ба шумор рафта,  доираи вазифаву уҳдадориҳоеро, ки дар онҳо муқаррар шудаанд, бо иқдомҳои нави муштарак боз ҳам фарохтар мегардонанд.

Бо истифода аз  фурсати муносиб, мехостам чанд нуктаеро дар бораи санади ниҳоии Саммити  Созмони Милали Муттаҳид роҷеъ ба рушди устувор баён намоям.

Ба андешаи мо, Рӯзномаи нави рушди устувор, ки дар асоси ҳадафҳо ва усулҳои Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, Баёнияҳои рушд ва ҳуқуқи инсон, инчунин дигар санадҳои калидии Созмон таҳия шудааст, умеду орзуҳои ҳама мардуми ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёраро барои ояндаи шоистаю бехатар фаро гирифтааст.

Яке аз вижагиҳои санади нав ҳамгироии ҳадафу вазифаҳои марбут ба рушди иқтисодию   иҷтимоӣ  ва   ҳифзи муҳити зист, ки се пояи асосии рушди устуворро ташкил медиҳанд, мебошад.

 Санади мазкур инчунин гуногунии ҷаҳони моро, ки дар баробари гуногуншаклии биологии муҳити зист барои рушду тавсеа аҳамияти калидӣ дорад, фаро гирифтааст.

Дар ин ҷо мехоҳам ба ҳадафи шашуми рушди устувор, ки ба масъалаи таъмин намудани дастрасии ҳамагонӣ ба об ва беҳдошт бахшида шудааст, таъкид намоям.

Ин ҳадаф, дар баробари зарурати таъмин намудани дастрасӣ ба оби ошомиданӣ  ва беҳдошт, масъалаҳои сифати об, самаранокии истифодаи он, пиёдасозии мудирияти муштараки захираҳои об, ҳифзи экосистемаи об, инчунин тавсеаи ҳамкорӣ ва ҳамёрӣ дар соҳаи обро дар бар мегирад.

Илова бар ин, қисмати марбут ба оби Ҳадафҳои рушди устувор вазифаҳои алоҳидаеро, ки ҳамгироии ҳадафи 6-умро бо дигар Ҳадафҳои рушди устувор таъмин менамоянд, муқаррар кардааст.

Ҳамин тариқ, метавон хулоса кард, ки мудирияти захираҳои об дар Рӯзномаи нави ҷаҳонии рушд  ҷойгоҳи калидиро касб кардааст.

Ин дастовардро  мо  натиҷаи назарраси талошҳои муштараки солҳои ахири ҳукуматҳо, ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид, сохторҳои молиявии байналмилалӣ, доираҳои илмию  соҳибкорӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин ҷода медонем.

Қайд кардан ба маврид аст, ки фаъолияти муштарак дар ин самт ҳанӯз дар овони тадорукоти Конфронси Рио+20 оғоз ёфта буд.

Маҳз дар ҳамон давра зиёда аз 50 кишвари аъзои Созмони Милали Муттаҳид дар чаҳорчӯби Гурӯҳи “Дӯстони об” дар Ню-Йорк гирдиҳам омаданд, то ин ки ҷиҳати пешбурди масъалаҳои марбут ба об, ки дар Рӯзномаи нави рушд дарҷ гардидаанд, ҳамкорӣ намоянд.

Аз фурсат истифода бурда, ба ҳамаи аъзои муҳтарами Гурӯҳи “Дӯстони об” ва Кумитаи ҳидояткунандаи он, ки намояндагонашон  дар ин толор ҳузур доранд, барои талошҳои босамарашон дар таҳия ва татбиқи рӯзномаи глобалии об изҳори сипос менамоям.

Моҳи июни соли 2015 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” барои солҳои 2005-2015, баргузор гардид. 

Санади ниҳоии Конфронс – Эъломияи Душанбе – нақши муҳимми Даҳсолаи “Об барои ҳаёт”-ро дар ноил шудан ба мақсаду вазифаҳои марбут ба оби Ҳадафҳои рушди ҳазорсола дар сатҳи байналмилалӣ таъкид кардааст.

Ба ақидаи мо, даҳсолаи мазкур баҳри баланд бардоштани сатҳи донишу огоҳии ҷомеаи шаҳрвандӣ, тавсеаи ҳамёрӣ  дар сатҳҳои миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ, ҳамкорӣ миёни сохторҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ҷалби занон, ҷавонон, намояндагони илму маориф ва соҳибкорон ба раванди баррасӣ ва ҳаллу фасли мушкилоту чолишҳои марбут ба мудирияти захираҳои об мусоидати хуб кард.

Дар ин робита мувофиқи мебуд, ки дастоварду комёбиҳои Даҳсола, инчунин тазоду норасоиҳои раванди иҷрои вазифаҳои он зимни татбиқи Рӯзномаи нави рушди ҷаҳонӣ мавриди назар қарор мегирифтанд.

Ба ин мақсад дар моҳи апрели соли гузашта мо пешниҳод карда будем, ки ҷиҳати идомаи саъю талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳалли мушкилоти марбут ба об Даҳсолаи байналмилалии нав таҳти унвони “Об барои рушди устувор” эълон карда шавад.

Ба андешаи мо, чунин як иқдом барои ҷалби таваҷҷуҳи бештар ва фарогир ба татбиқи Ҳадафи шашуми рушди устувор ва вазифаҳои он мусоидат хоҳад кард.

 Умедворам, ки ширкаткунандагони ҳамоиш ҷиҳати пуштибонии ин ибтикор тавсияҳои мушаххас ироа хоҳанд кард.

Ҳозирини гиромӣ,

Соли гузашта Шӯрои машваратии Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид роҷеъ ба масъалаҳои об ва беҳдошт кори худро ба анҷом расонид. 

Шӯрои мазкур зимни натиҷагирӣ аз фаъолияташ тайи солҳои ахир тавсияву пешниҳодотро ҷиҳати таҳким бахшидан ба сохтори ҷаҳонии об ироа кард.

Бо дарназардошти зарурати идомаи талошҳо дар татбиқи Ҳадафи шашуми Рӯзномаи рушди устувор, тавсияву пешниҳодоти Шӯро ҷавобгӯи талаботи рӯз буда, дар ҳалли мушкилоти вобаста ба об мусоидат менамоянд.

Аз ин рӯ, мо бояд якҷо ҷиҳати пайдо кардани ҳамоҳангӣ миёни Даҳсолаи нав ва дигар иқдомоти байналмилалӣ дар ин самт кӯшиш ба харҷ диҳем.

Таҷриба нишон медиҳад, ки ҳадафҳо танҳо дар ҳолате амалӣ мешаванд, ки василаҳои муассир ва нақшаҳои мушаххас барои татбиқи онҳо тарҳрезӣ шуда бошанд.

Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки Ҳадафи шашуми рушди устувор, бо дарназардошти вижагиҳои ҳар кишвар, ба стратегияҳои миллии рушди устувори онҳо ба ҳайси ҷузъи меҳварӣ ворид карда шавад. 

 Барои Тоҷикистон, ки дорои захираҳои маҳдуди замин мебошад, истифодаи оқилона ва босамари захираҳои об ҷиҳати таҳким бахшидан ба рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, ба вижа коҳиши камбизоатӣ,   таъмини амнияти озуқаворӣ ва энергетикӣ, инчунин тавсеи соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ аҳамияти бунёдӣ дорад.

Бино бар ин, дар Стратегияи рушди миллии кишвар, ки айни ҳол аз ҷониби коршиносон таҳриру такмил дода мешавад, мудирияти захираҳои об ҷойгоҳи шоиста дорад.

Дар оғози соли равон бо ташаббуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ва Президенти Бонки ҷаҳонӣ Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об бо шумули роҳбарони даҳ кишвари аъзои Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла Тоҷикистон таъсис ёфт.

 Изҳори умедворӣ менамоям,  ки ин Панел ба ҳайси саҳнаи  ҳамкориҳои дастаҷамъонаи  мо дар амалияи баррасиву дарёфти роҳҳои ҳалли масъалаҳои мубрами глобалӣ дар соҳаи об нақши муҳим хоҳад гузошт.

Ҳозирини арҷманд,

Ба андешаи мо, зимни баррасии масъалаҳои марбут ба татбиқи Ҳадафи шашуми рушди устувор нуктаҳои зерин бояд мавриди таваҷҷуҳ қарор дода шаванд:

Якум, таъсири манфии тағйирёбии иқлим ба захираҳои об метавонад кӯшишҳои моро дар самти расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор халалдор намояд.

Тибқи арзёбиҳои муътамад, аз ҷумла тадқиқотҳои сохторҳои алоқаманди Созмони Милали Муттаҳид, раванди болоравии ҳарорат дар сатҳи глобалӣ рӯ ба афзоиш ниҳодааст.

Ин раванд метавонад ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ ҳамасола то 2 триллион доллар зарар расонад.

Тоҷикистон,  ки  дар қаламрави он то 60 дарсади захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ ташаккул  меёбад, ҳамчунин  аз таъсири манфии тағйирёбии иқлим  дар канор намондааст.  

Дар давоми даҳ соли ахир қариб 30 дарсади ҳаҷми пиряхҳои Тоҷикистон об шудааст ва ин тамоюл идома дорад.

Тайи ин давра танҳо масоҳати пиряхи Федченко – бузургтарин пиряхи қитъавӣ дар Тоҷикистон – ба андозаи 2 километри мукааб ях  коҳиш ёфтааст.

Ҳамзамон, соли ҷорӣ бинобар камобӣ  пастшавии сатҳи оби  дарёҳои асосии минтақа, аз ҷумла Амударё  ва Сирдарё дар андозаи то 30 дарсад мушоҳида мешавад ва ин ҳолат ба ҷараёни обтаъминкунии кишварҳои ҳавза таъсирбахш аст.

Аз ин бармеояд, ки кишварҳои минтақа дар мудирияти захираҳои обҳои минтақавӣ дар асоси усулҳои баробарҳуқуқӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ бояд барномаҳои мушаххаси минтақавиро роҳандозӣ намоянд.

Дар робита ба таъсири тағйирёбии иқлим солҳои ахир дар Тоҷикистон басомади офатҳои табиии вобаста ба об афзудааст, ки ҳамасола сабаби зарари зиёди моливу ҷонӣ мегардад.

Офатҳои табиӣ ба иқтисодиёти кишвар хисороти ғайричашмдошт расонида, пешорӯи саъю талошҳои мо дар самти таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ монеа эҷод менамоянд.

Дуюм, афзоиши шумораи аҳолӣ дар миқёси сайёра ва ниёзмандии рӯзафзун ба захираҳои об дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ вазифаҳои нав мегузорад.

Аз ҷумла, афзоиши талабот ба  об метавонад боиси пайдоиши мушкилоти ҷиддӣ дар муносибатҳои миёни бахшҳои гуногуни иқтисодиёт шавад, ки дар навбати худ ба оқибатҳои ҷиддии манфӣ ҳатто дар дохили як кишвар оварда мерасонад.

Аз ин лиҳоз, дар шароити камбуди об  шиддат гирифтани  рақобат барои дастрасӣ ба захираҳои  он  ба раванди таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва таъмини некуаҳволии кишварҳои алоҳида таъсири манфӣ хоҳад  расонд. 

Дар чунин вазъият, ба андешаи мо, роҳандозии мудирияти ҳамгироёнаи захираҳои об барои такмил ва таҳкими шаклу василаҳои мавҷудаи ҳамкорӣ дар соҳаи об имкониятҳои навро дар сатҳҳои гуногун фароҳам меорад.

Сеюм, ба инобат гирифтани унсури гендерӣ дар мудирияти захираҳои об амри зарур аст.

Зимнан, бояд ҷиҳати ҷалби занону духтарон ба раванди рушд ва тақвияти нақши онҳо дар мудирият ва ҳифзи захираҳои об кӯшиши бештар ба харҷ дода шавад.

Чорум, роҳандозии ҳама нақшаву амалҳои мо аз таъмини саривақтӣ ва муносиби захираҳои молиявӣ, сармоявӣ ва фанноварии онҳо вобастагӣ дорад.

Мусаллам аст, ки дар шароити кунунӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ ниёзманди таҷдиду ба воқеиятҳои нав  мутобиқ гардонидани ҳамкориҳои глобалӣ ба хотири таъмини рушди устувор мебошад. 

Дар робита ба ин тавсеаи ҳамкориҳои илмиву технологӣ  яке аз самтҳои муҳимми талошҳои муштарак баҳри татбиқи самарабахши барномаву лоиҳаҳои марбут бо истифодаи боэътимоди захираҳои об ба ҳисоб меравад.

Баҳрабардории васеъ аз технологияҳои муосир дар ин раванд яке аз василаҳои муассири сарфакорӣ ва паст кардани сатҳи талафоти об мебошад.   

Панҷум, ҳамкории фаромарзӣ дар соҳаи об яке аз омилҳои калидии таъмини сулҳу субот ва рушд дониста мешавад.

Имрӯз дар ҷаҳон бештар  аз 276 ҳавзаи дарёҳои фаромарзӣ вуҷуд дорад, ки қаламрави 148 кишвар ва беш аз 40 дарсади аҳолии ҷаҳонро фаро мегиранд.

Роҳандозии ҳамкории босамар дар соҳаи об омили такондиҳандаи таъмини рушди кишварҳои ин ҳавзаҳо шуда метавонад.

Баръакс, набудани чунин ҳамкорӣ имкон дорад, ки боиси ба миён омадани хавфу хатарҳои ҷиддие гардад, ки  ба вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии онҳо таъсири манфӣ хоҳанд расонд.

 Кишварҳои минтақаи мо  аз захираҳои оби ду дарёи асосӣ - Амударё ва Сирдарё, инчунин як қатор рӯдҳои хурди фаромарзӣ истифода мебаранд.

Захираҳои оби минтақа  асосан дар қаламрави ду кишвар ташаккул ёфта, истифодаи комили об дар кишварҳои дигари поёноб сурат мегирад.

Дар чунин шароит ҳамкории шоиста дар соҳаи мудирияти боэътимод ва истифодабарии захираҳои об омили калидии таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии кишварҳои минтақа ба ҳисоб меравад.

Бо имзои чанде аз созишномаҳои муҳим кишварҳои минтақа тавонистанд фаъолияти барои ҳамаи ҷонибҳо мақбули  маҷмӯи соҳаи обтаъминкуниро дар шароити мураккаби гузариш ба иқтисоди бозаргонӣ таъмин намоянд.

Ҳамзамон, дар минтақа ҳанӯз майдони фарохи ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи  захираҳои об ва энергетика бо дарназардошти манфиатҳои ҳамаи кишварҳои минтақа вуҷуд дорад. 

 Пурра ба кор андохтани ин иқтидорҳо метавонад омили муассири ба хатсайри рушди устувор баровардани кишварҳои шомили  минтақа шавад.

Бо ҷонибдорӣ аз истифодаи одилона ва оқилонаи  онҳо мо татбиқи пайгиронаи дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи обро ягона василаи муассири расидан ба ин ҳадафи нек медонем.

 Зимнан, Тоҷикистон омода аст, ки дар ин ҷода бо ҳамаи кишварҳои дуру наздики манфиатдор ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ  ба роҳ монда, густариш диҳад.

Ҳозирини мӯҳтарам,

Дар шароити кунунӣ равшан аст, ки раванди гузариш ба рушди устувор барои бархе аз кишварҳои ҷаҳон мушкилу печида хоҳад буд.

Бино бар ин, роҳандозии талошҳои муштарак ва дасти  ёрӣ дароз  кардан ба он кишварҳое, ки дар ин масир ба мушкилот рӯ ба рӯ шудаанд, гарави татбиқи комгоронаи Рӯзномаи нави ҷаҳонии рушд хоҳад буд.

Дар робита ба ин дастгирии гурӯҳи кишварҳои дорои вазъияти вижа, аз ҷумла кишварҳои тараққикунандаи маҳсур бо хушкӣ ва хурди ҷазиравӣ  ба хотири татбиқи барномаҳои миллии рушди онҳо муҳим ба назар мерасад.

Дар анҷом ба ҳамагон дар роҳи расидан ба ҳадафҳои неки Рӯзномаи глобалии рушди устувор комёбӣ орзу намуда, ба Симпозиуми имрӯза кори  бобарор  мехоҳам.

Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520