Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Гян Ачария

08.08.2016 11:44, шаҳри Душанбе

Имрӯз дар Қасри Миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Дабири кулли СММ, Намояндаи олӣ оид ба масъалаҳои кишварҳои камтараққӣ, кишварҳои тараққикунандаи маҳсур дар хушкӣ ва ҷазиракишварҳои хурди тараққикунанда Гян Ачарияро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот вазъи кунуни ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид дар бахшҳои муҳими ҳаёти ҷаҳони муосир мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши Созмони Милали Муттаҳидро барои мусоидат ва ҳамдигарфаҳмию густариши ҳамкорӣ миёни кишварҳои ҷаҳон дар таъмини сулҳу субот ва рушди устувор арзишманд арзёбӣ карда аз сатҳи ҳамкории кишвари мо бо созмонҳои махсусгардонидашуда, дафтарҳо ва муассисаҳои Созмони Милали Муттаҳид изҳори қанатмандӣ намуд.

Таъкид гардид, ки давоми солҳои 2010-2015 дар чаҳорчӯби ҳамкориҳои муфиди Тоҷикистон бо ниҳодҳои сершумори Созмони Милали Муттаҳид дар соҳаҳои ислоҳоти идораи давлатӣ, маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кишоварзӣ, бартарафсозии пайомадҳои офатҳои табиӣ тақрибан 100 лоиҳа амалӣ гардидааст.

Дар мулоқот ҳамчуни масоили вобаста ба Симпозиуми сатҳи баланд дар мавзӯи "Таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба об ва беҳдошт" ва аҳамияту муҳимияти баргузории ин чорабинии байналмилалӣ дар ҳаёти имрӯзаи мардумони сайёра мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Бо изҳори таассуф қайд карда шуд, ки буҳронҳои молиявӣ ва иқтисодӣ дар тӯли солҳои охир ба саъю талошҳои кишварҳо дар таъмини маблағгузории соҳаи об халал ворид намуда садди роҳи пешрафту тараққиёт гардидааст. Дар иртибот ба ин, таъсис додани бунёдҳои гуногуни миллӣ ва минтақавию ҷаҳонӣ, инчунин роҳандозии дигар ташаббусҳои наву созанда доир ба маблағгузории соҳаи об ба хотири мусоидату мадад дар ҳалли ин масъалаҳо иқдоми муҳиму саривақтӣ арзёбӣ шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520