Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Идомаи сафари корӣ ба Нерӯгоҳи барқи обии Роғун

04.08.2016 19:12, шаҳри Роғун

Ҳамзамон дар макони бунёди Неругоҳи барқи обии Роғун Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз даромадгоҳи нақби сохтмонии қабати сеюм боздид намуд.

Даромадгоҳи нақби сохтмонии қабати сеюм аз бузургтарин иншооти Неругоҳи барқи обии Роғун ба шумор меравад. Он ҳамчун нақби обпарто барои танзими оби обанбори неругоҳ истифода мешавад. Даромадгоҳи нақби сохтмонии қабати сеюм ба мисли ду дарвозаи бузург аст, ки дар маҷмуъ 32 метр паҳноӣ, 30 метр баландӣ ва 34 метр дарозӣ дорад.

Ҳоло бунёди дарвозаҳои нақб бо назардошти тамоми талабот ва меъёрҳои ҳозиразамони сохтмон ба пуррагӣ анҷом ёфтааст. Инчунин дар нақби сохтмонии қабати сеюм аз даромадгоҳ то масофаи 850 метр тамоми корҳои бетонӣ - конструктивӣ ба итмом расидааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои боздид аз ин иншоот дар вохурӣ бо сохтмончиён ба сифати корҳои анҷомдодашуда баҳои баланд дод.

Дар идомаи сафари кории худ ба Неругоҳи барқи обии Роғун Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷараёни корҳои сохтмону васлгарӣ дар қисмати болоии камераи дарвозаҳои таъмирӣ-садамавӣ ва шахтаи моилии нақби сохтмони СТ-3 шинос шуд. Иттилоъ доданд, ки камераи дарвозаи мазкур дар қисмати пеши нақби обпартои садамавӣ ҷойгир буда, дар ҳолатҳои зарӯрӣ барои пешгирии фишори об хизмат мерасонад. Инчунин яке аз нақбҳои амудӣ, устувории дарвозаҳо ҳамаҷиҳата омӯхта шуда, бо истифода аз варақаҳои махсуси оҳанин ва мувофиқ ба талаботи меъёрҳои байналмиллалӣ сохта мешавад. Дарвозаҳо дар нақби мазкур дар ҳоле истифода мегарданд, ки дар сурати пурра мавриди истифода қарор гирифтани Неругоҳи барқи обии Роғун дар натиҷаи омадани селу боришоти шиддатнок сатҳи оби обанбор боло шуда, ҳолатҳои эҳтимолиро ба вуҷуд орад. Дар ин сурат дарвозаҳо кушода гардида, оби зиёдатии обанбор ба маҷрои дарё рехта мешавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо гуруҳи коргарону муҳандисони ин минтақаи сохтмонӣ суҳбат намуда, онҳо ба иҷрои корҳои босифат ҳидоят кард.

Аснои боздиди Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълум гардид, ки дар корҳои сохтмони нақби обпартои садамавӣ ва дарвозаҳои дохилӣ аксарият сохтмончиёнро шаҳрвандони маҳаллӣ ташкил медиҳад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520